Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Маҳсулоти нав

Эсхата Бонк ҳамёни кӯдаконаи насли навро муаррифӣ кард

28 мая 2026
Эсхата Бонк рушди экосистемаи рақамии худро идома дода, бори аввал маҳсулоти нав - ҳамёни кӯдаконаи Эсхатаро дар барномаи мобилии «Эсхата Онлайн» роҳандозӣ намуд.

Хизматрасонии нав танҳо воситаи интиқоли маблағ нест. Эсхата Бонк платформаи мукаммали рақамиро таъсис дод, ки ба кӯдакони аз 7 то 16-сола имконият медиҳад, идора кардани маблағро омӯзанд, волидон бошанд, метавонанд рафтори молиявии фарзандро дар муҳити бехатари рақамӣ назорат ва роҳнамоӣ намоянд.

Маърифати молиявӣ аз наврасӣ
Тавассути барномаи мобилӣ кӯдак метавонад:
· аз волидон интиқол қабул намояд;
· маблағи алоқаи мобилӣ, бозиҳои онлайн ва хизматрасониҳои рақамиро пардохт кунад;
· аз хизматрасониҳои «Эсхата Таом» ва «Афиша» истифода барад;
· маблағ ҷамъ намуда, ҳадафҳои шахсии молиявӣ гузорад.

Маҳсулот ба ташаккули фарҳанги истеъмоли бошуурона, масъулият ва мустақилият - малакаҳое, ки асоси ҳаёти ояндаро ташкил медиҳанд, мусоидат мекунад.

Назорати пурра барои волидон
Ҳамёни кӯдакона ба экосистемаи рақамии бонк муттаҳид гардида, бо профили волидон дар реҷаи вақти воқеӣ ҳамоҳанг карда шудааст.
Ба волидон имкониятҳои зерин дастрас мебошанд:
· интиқолҳои фаврӣ дар ҳар вақт ва аз ҳар нуқтаи ҷаҳон;
· муқаррар намудани лимитҳои рӯзона;
· онлайн-мониторинги амалиётҳо;
· push-огоҳиномаҳо барои ҳар як амалиёт;
· таърихи пурраи хароҷоти кӯдак.

Ба як ҳамёни волидон то 10 ҳамёни кӯдакона пайваст кардан мумкин аст - ҳалли қулай барои оилаҳои серфарзанд.

Меъмории хизматрасонӣ сатҳи баланди шаффофият, амният ва идорашавии маблағҳои кӯдакро таъмин менамояд.

Афзалиятҳои рақамӣ
✓ Формати ғайринақдӣ - дастрасӣ ба маблағ бе истифодаи нақд
✓ Пуркунии фаврӣ - як пахш аз ҳар нуқтаи ҷаҳон
✓ Шаффофияти амалиётҳо - назорат дар вақти воқеӣ (онлайн)
✓ Интизоми молиявӣ - лимитҳо ба ташаккули масъулият мусоидат мекунанд

Амният - афзалияти асосӣ
Дар ҳолати гум шудани телефон, волид метавонад ҳамёни кӯдаконаро фавран тавассути барномаи худ блок намояд. Дар ҳолати зарурат рақами телефон баъд аз муроҷиати хаттӣ ба филиали бонк тавассути панели маъмурӣ иваз карда мешавад.

«Роҳандозии ҳамёни кӯдакона инъикоси рисолати Эсхата Бонк - ҳамчун бонки рақамии насли нав мебошад. Мо экосистемаеро месозем, ки дар он технологияҳо ба манфиати оила фаъолият намуда, идоракунии маблағро осон, бехатар ва шаффоф мегардонанд ва кӯдаконро ба ҳаёти мустақилона дар ҷаҳони муосири рақамӣ омода месозанд. Ин танҳо маҳсулоти бонкӣ нест, балки платформаи мукаммали рақамиест, ки аз наврасӣ одат, масъулият ва муносибати дуруст ба пулро ташаккул медиҳад», — қайд намуд Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Акмалҷон Сайфидинов.

Эсхата Бонк рушди технологияҳоро идома медиҳад, ки хизматрасониҳои молиявиро барои тамоми оила боз ҳам қулайтар намуда, фарҳанги маърифати молиявиро ташаккул медиҳанд ва барои насли нав имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Маълумоти муфассал ин ҷо: Созишнома 

Чӣ тавр ҳамёни кӯдаконаи Eskhata Junior-ро кушодан мумкин аст

Барои волидайн

1. Ба барномаи «Эсхата Онлайн» ворид шавед.
Ҳамёни кӯдаконаро танҳо истифодабарандаи идентификатсияшуда кушода метавонад.

2. Кушодани ҳамёни кӯдаконаро интихоб намоед.
Дар саҳифаи асосӣ ба карточкаи бо аломати «+» пахш кунед ё ба бахши «Ҳамаи маҳсулот» → «Маҳсулоти нав» → «Кушодани ҳамёни кӯдакона» гузаред.

3. Тугмаи «Кушодани ҳамён»-ро пахш кунед.
Пеш аз кушодан, маълумоти кӯтоҳ дар бораи маҳсулот нишон дода мешавад.

4. Маълумоти кӯдакро ворид намоед.
Ном, насаб, санаи таваллудро ворид кунед ва интихоб намоед, ки ҳамён барои кӣ кушода мешавад — барои писар ё духтар.
Ҳамён барои кӯдакони аз 7 то 16-сола дастрас аст.

5. Рақами телефони кӯдакро ворид кунед.
Ин рақам барои воридшавӣ ба ҳамёни кӯдакона истифода мешавад.

6. Рақамро тасдиқ намоед.
Рамзи 4-рақамаеро, ки ба рақами телефони кӯдак меояд, ворид кунед.

7. Розигиро тасдиқ кунед.
Бо шартҳои офертаи оммавӣ шинос шавед ва розигии худро барои коркарди маълумоти кӯдак ҳамчун намояндаи қонунӣ тасдиқ намоед.

8. Тайёр.
Ҳамёни кӯдакона дар бахши «Ҳамаи маҳсулот» → «Ҳамёнҳои кӯдакона» пайдо мешавад.

Чӣ тавр кӯдак ба ҳамён ворид мешавад?

1. Барномаи «Эсхата Онлайн»-ро ба телефони кӯдак насб кунед.

2. Рақами телефонеро ворид намоед, ки волид ҳангоми кушодани ҳамён нишон дода буд.

3. Рамзи SMS-ро ворид кунед барои тасдиқи воридшавӣ.

4. Рамзи дастрасӣ ба барномаро гузоред — аз 4 то 8 рақам.

5. Тайёр.
Кӯдак метавонад аз интерфейси кӯдакона бо дастрасии маҳдуд истифода барад.

Кӯдак чӣ кор карда метавонад?

Кӯдак метавонад:

  • бақияи ҳамёнро бинад;
  • таърихи амалиётҳоро тамошо кунад;
  • ба рақами телефон маблағ гузаронад;
  • алоқаи мобилиро пардохт кунад;
  • бозиҳои онлайнро пардохт кунад;
  • хизматрасонии хӯрок ва билетҳои киноро пардохт намояд;
  • тавассути QR пардохт кунад;
  • маблағро танҳо дар доираи лимите, ки волидайн муқаррар кардааст, истифода барад.

Волидайн чӣ кор карда метавонад?

Волидайн метавонад:

  • ҳамёни кӯдакро пур кунад;
  • бақияи ҳамёнро бинад;
  • амалиётҳои кӯдакро назорат кунад;
  • лимити ҳаррӯзаро муқаррар намояд;
  • огоҳиномаҳоро оид ба амалиётҳо гирад;
  • ҳамёни кӯдаконаро дар экрани асосӣ нишон диҳад;
  • дар ҳолати зарурӣ ҳамёнро маҳкам кунад.

Агар кӯдак телефонро гум кунад

1. Ҳамёни кӯдаконаро тавассути интерфейси волидайн маҳкам кунед.

2. Агар барқарор кардани SIM-корт имконнопазир бошад, барои иваз кардани рақами телефони ҳамёни кӯдакона ба Бонк муроҷиат намоед.


* Санаи навсозии саҳифа 24.06.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»