Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо

Пасандози муҳлатнок

Асъори пасандоз, мӯҳлати пур кардани онро интихоб намоед ва даромади мунтазам гиред
Асъор
TJS, USD
Ҳадди аққали маблағ
1000 сомонӣ 100 доллари ИМА
Мӯҳлат
аз 180 то 731 рӯз
Фоиз
то 15% солона

Нигоҳ доштани маблағ дар яке аз бонкҳои устувори кишвар

Бонки низомсоз эътироф гардидааст
Пасандозҳо суғурта карда шудаанд
Ҳама намуди пасандозҳо то 35 000 сомонӣ аз ҷониби давлат суғурта карда шудаанд
Идоракунии осони маблағ
Кушодан ва идоракунии пасандоз осон ва ботезӣ дар барномаи мобилии "Эсхата Онлайн" имконпазир аст
Ҳисобкунии моҳона
Фоизи ҳисобшуда ба корт гузаронида мешавад
Маълумот оиди пасандоз
Шартҳои асосӣ
  • Имконияти пур кардани пасандоз то 60 рӯзи мӯҳлати амали шартнома
  • Меъёри фоизӣ:
  • - аз 180 то 365 рӯз: 12% солона бо сомонӣ, 2% солона бо доллари ИМА - аз 366 то 731 рӯз: 15% солона бо сомонӣ, 5% солона бо доллари ИМА
Роҳҳои кушодани пасандоз
  • Дар шуъбаҳои бонк бо пешниҳоди шиноснома
  • Дар барномаи мобилии «Эсхата Онлайн». Барои истифодабарандаони муайяншуда дастрас аст — онҳое, ки шартномаи истифодабаранда бо бонкро имзо кардаанд
  • Андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт тибқи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси Андози ҶТ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ситонида мешавад.
  • Пасандозҳо тибқи Қонуни ҶТ "Дар бораи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо" суғурта карда мешавад. Маълумоти бештарро дар ин бора дар сомонаи Фонди суғурта пайдо кардан мумкин аст.
  • Ҳисобот аз суратҳисоб, нусха ё маълумоти дигар дар бораи амалиёти суратҳисобӣ дар шакли қоғазӣ ё электронӣ бо дархости муштарӣ пешниҳод карда мешавад.

Системаи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо чист?

Системаи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо — ин ҳимояи давлатии ҳуққуқ ва манфиатҳои қонунии амонатгузорон мебошад, ки ба пардохти пардохти суғуртаӣ тавассути Фонд ба амонатгузорон дар сурати рӯй додани ҳодисаи суғуртаӣ дар ташкилоти қарзӣ равона карда шудааст.

Ҳадафи системаи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо содир кардани кумак ба таъмини устувории низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад. Масъалаҳои суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо» танзим карда мешаванд.

Барои таъмини фаъолияти системаи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо Фонди суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Фонд шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки тибқи Қонун ҳуққуқ ва манфиатҳои қонунии амонатгузоронро тавассути пардохти пардохти суғуртаӣ ҳимоя менамояд.

Фонд пардохти пардохти суғуртаӣ ба амонатгузоронро дар сурати рӯй додани ҳодисаи суғуртаӣ дар доираи андозаи муқаррарнамудаи Қонун амалӣ менамояд, рӯйхати ташкилотҳои қарзии иштирокчии системаи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳоро нигоҳ медорад, ҷамъоварӣ ва ҳисоби пардохтҳо аз ташкилотҳои қарзиро анҷом медиҳад, инчунин вазифаҳои дигари пешбинишудаи Қонунро иҷро менамояд.

Ҳадафҳои Фонд:

  • ҳимояи ҳуққуқ ва манфиатҳои қонунии амонатгузорон тавассути пардохти пардохти суғуртаӣ;
  • таъмини фаъолияти системаи суғуртаи пасандозҳо ва амонатҳо ва кумак ба устувории низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тамос:

Барномаи мобилии «Эсхата Онлайн»

Харид намоед, ҳаққи хизматрасониҳоро бе комиссия пардохт намоед, кортҳо, пасандозҳо ва қарзҳоро аз хона набаромада идора намоед.
QR кодро акс гирифта, барномаи мобилиро зеркашӣ намоед
Шартҳои мусоидро ҳисоб кунед ва ҳозир дархост гузоред
Намуди қарз
Асъорро интихоб кунед

Маблағи қарзи дархостмешуда

Маблағи пасандоз

Мӯҳлат (бештар)

Мӯҳлат (бештар)

Ҳисобкунии тахминӣ буда, танҳо барои маълумот аст

Пардохти моҳона
Фоизи қарзӣ
Фоизи қарзӣ
Даромад аз пасандоз
Сумма в конце срока
Маълумот барои тамос

* Санаи навсозии саҳифа 25.06.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»