Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо

Эсхата Джуниор

Ҳамёни электронии кӯдакона, ки дар он кӯдак тарзи дуруст истифода бурдани пулро меомӯзад, волидон бошанд ҳамеша тавозун ва амалиётҳоро мебинанд ва хароҷотро зери назорат мегиранд.
Синну соли кӯдак
7–16 сола
Ҳамёнҳои волидон
то 5 адад
Кушодан ва хизматрасонӣ
ройгон
Маҳдудияти хароҷот дар як моҳ
то 3 900 сомонӣ

Ба волидон — назорат, ба кӯдакон — мустақилият

Назорати пурраи волидон
Волидон тавозун ва таърихи амалиёти кӯдакро мебинанд ва лимити хароҷоти ҳаррӯзаро худашон муқаррар мекунанд.
Харидҳои бехатари кӯдак
Интиқоли маблағ, пардохти алоқа, бозиҳо, хӯрок ва кино — бе дастрасӣ ба қарзҳо, пасандозҳо ва интиқоли маблағ ба хориҷи кишвар.
Пасандоз барои орзу
Кӯдак худаш метавонад то 3 пасандоз кушояд ва барои расидан ба мақсадаш пул ҷамъ кунад.
Маълумот дар бораи ҳамён
Шартҳои асосӣ
  • Ҳамёнро волидайн мекушояд, ки дар барномаи «Эсхата Онлайн» мақоми «Идентификатсияшуда»-ро дорад
  • Синну соли кӯдак бояд аз 7 то 16 сол бошад
  • Кӯдак метавонад як ҳамёни кӯдакона ва волидайн то 5 ҳамён дошта бошад
  • Соҳиби қонунии маблағ волидайни кӯдак мебошад
Чӣ тавр кушодани ҳамён
  • Дар барномаи «Эсхата Онлайн»: «Ҳамаи маҳсулот» → «Кушодани ҳамёни кӯдакона».
  • Ном, санаи таваллуд ва рақами телефони кӯдакро ворид кунед
  • Рақами телефонро бо рамзи SMS тасдиқ намуда, шартҳои офертаро қабул кунед
  • Кӯдак барномаи «Эсхата Онлайн»-ро ба телефони худ зеркашӣ мекунад
  • Кӯдак бо рақами телефони худ ва рамзи дастрасӣ ба барнома ворид мешавад

Барномаи мобилии «Эсхата Онлайн»

Ҳамёни кӯдаконаро кушоед, тавозуни кӯдакро назорат кунед ва лимитҳоро танзим намоед — ҳамааш дар барнома, бе баромадан аз хона.
QR кодро акс гирифта, барномаи мобилиро зеркашӣ намоед

* Санаи навсозии саҳифа 27.08.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»