Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Аксия

"Тилло бурд намоед": Эсхата ғолибони даври дуюми аксияро эълон мекунад

13 августа 2026
Харидҳои ҳаррӯза метавонанд на танҳо фоида, балки тилло ҳам биёранд

Эсхата Бонк натиҷаҳои даври дуюми аксияи «Тилло бурд намоед»-ро ҷамъбаст намуда, ғолибонро эълон намуд. Чор иштирокчӣ аллакай соҳиби сабикаҳои тиллоӣ бо вазни 10-грамм гардиданд.

Ғолибони даври дуюм:

Мирзоева С.Р. — ш.Кӯлоб
Қосимова К.А. — ш.Турсунзода
Неъматов Р.Х. — ш.Душанбе
Абдуолимов Х.Х. — н.Ашт

Ғолибонро табрик намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барои фаъолнокӣ ва боварӣ ба Эсхата Бонк миннатдорӣ баён менамоем!

Тилло — барои оне, ки ҳар рӯз муҳим аст
Арзиши ин аксия - осон будани он мебошад. Барои иштирок кардан одатҳои ҳаррӯзаи худро тағйир додан ё баҳонаи махсус ҷустуҷӯ кардан лозим нест. Харидҳои ҳаррӯза, пардохти маҳсулот ва хизматрасониҳо, интиқоли маблағ ба наздикон — амалиёти маъмулии молиявӣ метавонанд, имконияти ба даст овардани тиллои воқеӣ гарданд.

Барои Бонки Эсхата хизматрасониҳои молиявӣ — ин пеш аз ҳама ғамхорӣ дар бораи одамон ва наздикони онҳост. Ин имконияти зуд интиқол додани маблағ ба оила, гирифтани дастгирӣ аз наздикон, пардохти харидҳои зарурӣ ва ҳар рӯз эҳсос кардани дилпурии бештар аст. Аксияи «Тилло бурд намоед» имконияти дигаре мегардад, то аз амалиётҳои одатии молиявӣ баҳраи бештар ба даст оред.

Мукофоти асосӣ — дар пеш 
Аксия ба марҳилаи ниҳоии худ расида истодааст. Дар даври охир 4 сабикаи тиллоии 20-грамма ба бурд гузошта шудааст.
Ин даври ниҳоӣ ва имконияти охирин барои табдил додани пардохтҳо ва интиқолҳои ҳаррӯзаи худ ба имконияти ба даст овардани тилло мебошад.
Шояд маҳз харид ё интиқоли навбатии шумо қадаме ба сӯи тилло гардад.

Аз навигариҳои аксия ва маълумот оид ба ғолибон дар саҳифаҳои расмии Эсхата Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ бошед.

Эсхата - бонк барои наздикон

* Санаи навсозии саҳифа 13.08.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»