Таърихи муваффақият: Чӣ гуна Наимова Баҳор Бурҳоновна тиҷорати худро аз сифр оғоз намуд
17 апреля 2025
Наимова Баҳор Бурҳоновна, зодаи ноҳияи Темурмалик, соли 1997 таваллуд шудааст. Бо вуҷуди доштани таҳсилоти миёна, ӯ тавонист соҳибкори муваффақ гардад, зеро дар ноҳияи худ соҳиби чандин мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад ва дар бозори "Корвон" фаъолона кор мекунад. Ӯ ҳамсар ва модари ғамхори се фарзанд аст: ду писар ва як духтар.
Аз орзуи кӯдакӣ то воқеият
Аз кӯдакӣ Баҳор бо тиҷорат иҳота шуда буд. Дар хонаи амакаш, ки соҳиби мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ буд, зиндагӣ мекард ва ба ӯ дар тиҷорат кӯмак мерасонд. Ин аввалин таҷрибаи ӯ дар тиҷорат буд. Бо илҳом аз кори мағоза, Бахори хурдсол аллакай орзуи тиҷорати худро дошт. Мақсади ӯ на танҳо оғоз намудани тиҷорат, балки нишон додани қобилиятҳои худ ба атрофиён буд.
"Аз кӯдакӣ мехостам тиҷорати худро оғоз кунам. Орзу мекардам, ки мошини ман пур аз мол бошад ва бо ифтихор назди волидонам равам, нишон диҳам, ки ба чӣ ноил шудаам", – ба ёд меорад Бахор.
Қадамҳои аввалин дар тиҷорат
Роҳи ӯ ба муваффақият соли 2015 оғоз шуд, вақте ки оилааш дар хонаи иҷора дар шаҳр зиндагӣ мекард. Барои кӯмак ба шавҳари донишҷӯяш, Баҳор ба фурӯши меваҷот назди масҷид оғоз намуд. Бо вуҷуди мушкилиҳо, истодагарии ӯ боиси ба даст овардани эътимоди сокинони маҳаллӣ ва дастгирии одамони некро таъмин кард.
"Ҳамеша мехостам бидонам, ки роҳи ҳар мева аз куҷо оғоз мешавад. Ман таъминкунандагонро меомӯхтам, ба бозорҳои яклухт мерафтам ва шабона беҳтарин шароитҳоро барои харид меҷустам", – нақл мекунад ӯ.
Бе доштани сармояи калон, Бахор аз хурд оғоз кард. Вай кабудиро бо маблағи кам мехарид ва онро ҳам дар чакана ва ҳам яклухт мефурӯхт. Оҳиста-оҳиста, бо ба даст овардани эътимоди таъминкунандагон ва муштариён, тиҷорати худро васеъ мекард.
Рушд ва дастгирии бонк
Баъд аз муддате, Бахор бо яклухтфурӯшони маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда, сирри кори онҳоро меомӯхт. Ӯ фаъолона аз тоҷирони таҷрибадор меомӯхт, бо фоидаи кам кор мекард, вале бо ҳадафи қатъӣ – ҷамъ намудани маблағ барои рушд.
Мағозаи аввалини ӯ дар як ҷойи иҷора кушода шуд, ки барои он 1500 сомонӣ сармоягузорӣ кард. Барои рушди кори худ, маблағи иловагӣ лозим буд. Баҳор ба Бонки Эсхата муроҷиат намуд ва аввалин маблағи қарзии худро барои рушди тиҷорат гирифт. Аз ҳамон руз Бонки Эсхата барояш ҳамкори боэътимод гардид.
"Аввал қарзи 10 000 сомонӣ гирифтам, баъд 30 000. Бонк ба ман бовар мекард, дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ менамуд ва ин ба ман қувват медод, ки пеш равам", – нақл мекунад Баҳор.
Бо кӯмаки қарзи 100 000 сомонӣ, ӯ мағозаи либосҳои миллӣ ва ороишоти арӯсӣ ва мағозаи матоъҳои миллиро кушод. Ин ба фаъолияти соҳибкории ӯ марҳилаи нав бахшид.
“Бонки Эсхата ба ғайр аз оне ки маблағгузорӣ мекунад, барои мо ҳамчун маслиҳатчии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Зеро мунтазам семинару омӯзишҳо ташкил намуда, донишу малакаи мизоҷонро сайқал медиҳад”. -илова намуд Баҳор.
Баҳор ният дорад, ки дар ояндаи наздик боз якчанд нуқтаи фуруши либосвории занона ва маҳсулоти хурока ташкил намояд.
Сирри муваффақият
Бахор бовар дорад, ки муваффақияти ӯ ба ҳадафҳои равшан ва истодагарӣ асос ёфтааст.
"Агар инсон ҳадаф гузорад ва аз душвориҳо наҳаросад, ҳатман ба муваффақият мерасад. Муҳимаш – пеш рафтан ва таслим нашудан", – итминон дорад ӯ.
Имрӯз Бахор Бурхоновна барои бисёре аз занони ҷомеаи худ намуна аст. Таърихи ӯ ба онҳое, ки мехоҳанд тиҷорати худро оғоз кунанд, вале дар баъзан ҷанбаҳо шубҳа доранд, илҳом мебахшад.
Бонки Эсхата ифтихор дорад, ки қисми таърихи муваффақияти ӯ гардида, дастгирие пешниҳод намудааст, ки ба ӯ дар расидан ба қуллаҳои нав кӯмак кардааст.