Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Имкониятҳои нав

Шарикӣ барои имкониятҳои нав

22 июля 2026
Эсхата Бонк аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то 15 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии занони соҳибкор ва ҷавонони Тоҷикистонро ҷалб намуд

ҶСК «Бонки Эсхата» ва БАТР созишномаро оид ба ҷудо намудани маблағ дар ҳаҷми то 15 миллион доллари ИМА барои Эсхата Бонк ба имзо расониданд. Маблағи мазкур барои тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузории занони соҳибкор ва соҳибкорони ҷавон дар саросари кишвар равона карда мешавад.

Созишномаи нав барои ҳазорон соҳибкор имконияти дастрасӣ ба захираҳои молиявии дарозмуддатро фароҳам оварда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.

Маблағгузорӣ ду самти стратегии муҳимро дар бар мегирад:
  • то 12 миллион доллари ИМА дар доираи барномаи Youth in Business (YiB) барои дастгирии соҳибкории микро, хурд ва миёнае, ки аз ҷониби соҳибкорони то 35-сола таъсис ё роҳбарӣ карда мешаванд, пешниҳод мегардад;
  • то 3 миллион доллари ИМА дар доираи барномаи Women in Business (WiB) барои густариши дастрасии занони соҳибкор ба маблағгузорӣ, таҳкими фаъолияти соҳибкории онҳо ва рушди иқтидори иқтисодии занони Тоҷикистон, равона мегардад.

«Дастгирӣ аз ҷониби БАТР ба Эсхата имкон медиҳад, ки доираи қарорҳои молиявии худро барои соҳибкорони ҷавон ва занон васеъ намуда, ба рушди соҳибкории устувор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд», — зикр намуд Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Акмалҷон Сайфидинов.

Сармоягузорӣ ба ояндаи иқтисодиёт

Имрӯз ҷавонон ва занон яке аз неруҳои фаъолтарини экосистемаи соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Бо вуҷуди ин, маҳз онҳо бештар ҳангоми оғоз ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо маҳдудияти дастрасӣ ба маблағгузорӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Созишномаи нав имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои ояндадорро ба таври назаррас васеъ намуда, ба рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ барои ҳазорон соҳибкор дар саросари кишвар мусоидат хоҳад кард.

Барои Эсхата, ин на танҳо марҳилаи нави ҳамкорӣ бо БАТР, балки тасдиқи стратегияи бонк оид ба дастгирии соҳибкорӣ, рушди маблағгузории инклюзивӣ ва эҷоди арзиши дарозмуддат барои иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.

* Санаи навсозии саҳифа 22.07.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»