Дастовард
Ритми электронии муваффақият: Эсхата яке аз беҳтарин ташкилотҳои молиявӣ барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор
15 мая 2025
Эсхата Бонк бори дигар ба ҷоизаи фахрии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи насб ва истифодаи воситаҳои пардохти электронӣ дар озмуни "Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор" дар соли 2025 сазовор дониста шуд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Душанбе 12 май дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимнан бояд қайд намуд, ки Эсхата Бонк, чун ҳарвақта, барои татбиқи ташаббусҳои давлат оид ба рушди соҳибкории занон фаъолона мусоидат мекунад.
Бонк мунтазам дар самти таъмини сифати баланд, дастрасии занони соҳибкор ба хизматрасониҳои молиявӣ ва васеъкунии он, фаъолият менамояд.
Мукофоти бадастоварда на танҳо эътирофи хидматҳои бонк, балки дастоварди муҳим барои мизоҷони мо, бахусус занони соҳибкорест, ки бо Эсхата Бонк рушд ва равнақро идома медиҳанд.