Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Пасандози нав

Пасандози нави онлайн «Фоиданок» аз Эсхата: то 16,5% солона

23 октября 2025
Эсхата Бонк маҳсулоти нави амонатиро омода намуд, ки эътимоднокӣ, роҳат ва шароити мусоидро барои мизоҷон дар бар мегирад.

Онлайн пасандози "Фоиданок" бо назардошти ниёзи мизоҷон таҳия шуда, барои боз ҳам сердаромад ва дастрас намудани амонати онҳо равона шудааст. Пасандозро тавассути барномаи мобилии “Эсхата Онлайн” кушодан мумкин аст, бе навбат ва ҳуҷҷатгузории зиёд.

Шартҳои маҳсулот
  • Пардохти фоизҳо – ҳар моҳ
  • Маблағи минималии амонат – 1000 сомонӣ ва 100 USD*
  • Пуркунии пасандоз бо маблағи иловагӣ – иҷозат дода намешавад
  • Тамдиди автоматикии шартнома пас аз ба итмом расидани мӯҳлат

Афзалиятҳои маҳсулот

  • Кушодан, идоракунӣ ва назорат тавассути «Эсхата Онлайн»
  • Даромаднокӣ нисбат ба пасандозҳои муқаррарӣ баландтар аст
  • Шартҳои чандири ҷойгиркунии маблағ дар асоси интихоби мизоҷ

Ҳисоб шудани фоизҳоро назорат кунед, маблағҳои худро идора намоед ва шартҳои мувофиқро интихоб кунед – ҳамаи ин дар смартфони Шумо.

«Мо кӯшиш мекунем, ки ба мизоҷони худ на танҳо маҳсулоти бонкӣ, балки қарорҳоеро пешниҳод намоем, ки ба онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои молиявии худ кӯмак мекунанд.
Пасандози нав -ин имконияти нигоҳдорӣ ва зиёд кардани амонатҳои шумо бо роҳати максималӣ аст».

Эсхата Бонк татбиқи фаъолонаи воситаҳои муосири молиявиро идома медиҳад, ки идоракунии пулро осонтар, бехатартар ва боз ҳам фоидаовар мекунанд.

Дар Эсхата Бонк пасандоз кушоед ва маблағҳои шумо барои ояндаи шумо кор карда, даромади устувор медиҳанд.
 
ҶСК “Бонки Эсхата” узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон буда (Тасдиқномаи узвият аз “19” июни соли 2023, №006), маблағҳои пасандоздорон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” суғурта шудаанд.

* Фоизи онлайн пасандози “Фоиданок” бо сомонӣ 14% ва доллари ИМА 3%, дар сурати кушодани пасандоз ба мӯҳлати аз 180 то 365 рӯз мебошад. Ҳангоми кушодани пасандоз ба мӯҳлати аз 366 то 731 рӯз фоизи солона 16,5% бо сомонӣ ва 5,5% бо доллари ИМА мебошад.

* Санаи навсозии саҳифа 23.10.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»