Пасандоз
Пасандозҳо аз Эсхата: вақте пулҳои шумо ба фоидаи шумо кор мекунанд!
4 сентября 2025
Ҷамъоварӣ ва афзоиши пасандозҳо - асоси устувории молиявии ҳар як шахс мебошад ва роҳи боэътимоди ноил шудан ба ин - кушодани пасандоз аст. Ҳар яки мо мехоҳем, ки ба фардо итминон дошта бошем ва бидонем, ки пасандоз на танҳо бекор хобидааст, балки даромад меорад.
Имрӯз бисёр оилаҳо дар Тоҷикистон аз наздикони худ, ки дар хориҷа кору фаъолият мекунанд, интиқоли пулӣ мегиранд. Аксар вақт ин маблағҳо фавран ба эҳтиёҷоти рӯзгор, харид ва ё пардохти хидматҳо равона карда мешаванд. Аммо роҳе ҳаст, ки интиқол на танҳо айни замон кӯмак кунад, балки барои ояндаи шумо низ кор кунад. Ҳалли оддӣ – гузоштани онҳо ба амонат дар Бонки Эсхата.
Чаро ин фоидаовар аст?
Нигоҳ доштани пули нақд дар хона хатарнок аст ва таваррум (инфлятсия) тадриҷан арзиши онро "мехӯрад". Пасандозҳо бошад, амонати шуморо сарфа мекунад ва даромади устувор ба даст меорад.
Интиқоли Шумо ба кор шурӯъ мекунад
Интиқол гирифтед — онро ба пасандоз гузоред. Ҳамин тариқ, ҳатто маблағҳои хурд тадриҷан даромад меоранд ва ба “болишти бехатарӣ” -и молиявӣ табдил меёбанд.
Эътимод ва боварӣ
Эсхата Бонк – яке аз пешвоёни бахши бонкии кишвар буда, ҳазорон мизоҷон ба он эътимод доранд. Маблағҳои шумо бехатар ҳифз карда мешаванд ва фоизи устувор меоранд.
Содда ва қулай
Шумо метавонед, пасандозро бевосита дар “Эсхата Онлайн” ё дар филиалҳои бонк кушоед. Интиқол зуд ба ҳисоб мегузарад тавозунро низ ҳар вақт тавассути телефон назорат кардан мумкин аст.
Чӣ тавр онро дар амал татбиқ кардан мумкин аст?
1. Шумо интиқоли пулиро қабул менамоед
2. Ба ҷои он ки фавран тамоми маблағро нақд гардонед, як қисми онро ба пасандоз равона месозед.
3. Амонат ба даромад овардан оғоз мекунад. Бо гузашти замон, шумо барои чунин мақсадҳо ба монанди таҳсил, манзил ва ё кушодани тиҷорати худ сармоя пайдо мекунед.
Имрӯз Эсхата Бонк ба мизоҷони худ якчанд маҳсулоти депозитӣ пешкаш мекунад:
- Мӯҳлатноки нав
- 30-солагии Истиқлолият
- Пасандози “Озод”
Аз ҳама маъмултарин байни мизоҷон – Пасандози «Озод» ва Мӯҳлатноки нав мебошад.
Пасандози «Озод» - фоизҳо ҳар моҳ ҳисоб карда мешавад ва ба маблағи асосӣ илова карда мешаванд. Мизоҷ метавонад, ҳар вақт тавозунро пур кунад ва маблағро бозпас гирад. Пасандозро метавонед тавассути барномаи “Эсхата онлайн” бо ҳадди ақал – 1 сомонӣ бо 6% солона кушоед.
Мӯҳлатноки нав ба мизоҷ имконият медиҳад, ки асъор, мӯҳлат ва маблағи пасандозро интихоб намояд. Фоизи солона бо сомонӣ 12% ва доллари ИМА 2%, дар сурати кушодани пасандоз ба мӯҳлати аз 180 то 365 рӯз мебошад. Ҳангоми кушодани пасандоз ба мӯҳлати аз 366 то 731 рӯз фоизи солона 16% бо сомонӣ ва 5% бо доллари ИМА мебошад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2024 ҶСК «Бонки Эсхата» ба мизоҷони хеш беш аз 242 миллион сомонӣ аз рӯи даромади амонатҳои мӯҳлатнок ва ҳисобҳои амонатӣ пардохт намуд.
Нишондиҳандаҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки яке аз роҳҳои боэътимод ва дастарстарин барои ба даст овардани суботи молиявӣ – кушодани пасандоз дар бонки Эсхата аст.
ҶСК «Бонки Эсхата» - яке аз бонкҳои боэътимод ва муосири Тоҷикистон буда, дар соҳаи бонкии кишвар ба сегонаи пешсаф дохил мешавад. Эсхата Бонк узви Фонди суғуртаи амонат ва пасандозҳои Тоҷикистон буда (Шаҳодатномаи узвият аз 19 июни соли 2023, №006), маблағҳои пулии амонатгузорон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонат ва пасандозҳо” суғурта шудааст.
Эсхата – эътимоди моливӣ аз идоракунии оқилонаи маблағҳои пулӣ оғоз меёбад