Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Хабарҳо

Онлайн қарз боз ҳам дастрастар гардид

17 апреля 2026
Дар шароити афзоиши талабот ба қарорҳои зуд ва қулайи молиявӣ, Эсхата Бонк ба сӯи мизоҷон як қадами дигар мегузорад ва меъёри фоизи Оналйн қарзро то 30% солона коҳиш медиҳад. Қарз барои мақсадҳои истеъмолӣ пешкаш крада мешавад, ки ба мизоҷон имкон медиҳад, ки вазифаҳои ҳаррӯзаи молиявиро зуд ҳал кунанд.

Қарори мазкур стратегияи бонкро оид ба рушди маҳсулоти рақамӣ ва ташаккули муҳити дастрастари молиявӣ инъикос мекунад, ки дар он суръат ва фоида ба стандарт табдил меебанд, на ба истисно.

Барасмиятдарории қарз дар шакли онлайн сурат мегирад: барои мизоҷон чанд дақиқа дар барномаи Эсхата Онлайн кофӣ аст, то маблағро бидуни ташриф ба филиал ва бори зиедатии коғазӣ ба даст оранд.

"Мо пайваста маҳсулоти қарзиро тағир медиҳем ва онҳоро на танҳо зудтар, балки барои мизоҷ муфидтар мегардонем. Паст кардани меъёр як қарори якдафъаина нест, балки як қисми кори системавии мо барои сохтани воситаҳои молиявии дастрас ва шаффоф аст" - қайд карданд дар бонк.

Паст кардани меъёр на танҳо тағир додани рақам, балки сигнал ба бозор аст: қарзҳои рақамӣ ба стандарти нав табдил меебанд, ки дар он роҳат, суръат ва арзиши оқилона омилҳои асосӣ мебошанд.

Эсхата -- бонк барои наздикон

* Санаи навсозии саҳифа 17.04.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»