Меню
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Шуъбаи фурӯш
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила

Ғолибони аксияи "Интиқоли Бурднок 2024"

10 декабря 2024
Бонки Эсхата аз анҷоми аксияи азимтарини хеш - “Интиқоли бурднок 2024”, ки фонди мукофотиаш ба 3 000 000 сомонӣ баробар буд, эълон мекунад.

Бояд зикр кард, ки натиҷаҳои даври ниҳоии аксия санаи 08 ноябри соли 2024 тариқи пахши мустақим дар YouTube канали бонк ҷамъбаст карда шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ 30 ноябри соли 2024 дар филиали Бонк дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид. Калиди хонаҳо ба ғолибон дар вазъияти тантанавй дар пойтахти мамлакатамон супурда шуд.
 Ҳамин тавр, шаҳрвандони зерин соҳиби калиди манзилҳои истиқоматии худ дар Душанбе гардиданд:

1.Маҳмадзабирова Наботбегим
2. Мусоев Қобилчон Умарович
3. Тоҷибоев Файзулло Дадахонович

Ёдовар мешавем, ки аксия аз санаи 01.04.2024с. то 31.10.2024с., барои мизоҷоне, ки аз хориҷи кишвар ба онҳо маблағҳои пулӣ интиқол шудааст ва ё аз ҷониби онҳо ба хориҷа маблағи на камтар аз 500 сомонӣ (муодили асъори хориҷӣ) пул интиқол шудааст, гузаронида шуд.

Аксия аз 5 давр ва марҳилаи ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ иборат буд. Ғолибони ҳар як давр, ки мустақиман бо иштироки комиссияи махсус дар канали YouTube-и бонк пахш мешуд, муайян карда шуданд. Дар 6 даври аксия ба ғолибон 1 500 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Дар даври ниҳоӣ се ғолиб соҳиби 3 манзил дар шаҳри Душанбе шуданд. Дар навбати худ, мо бори дигар ҳамаи ғолибони аксияи «Интиқоли бурднок 2024»-ро самимона табрик мекунем ва ба ҳамаи мизоҷон барои иштирок дар аксия сипосмандӣ изҳор менамоем.

Бо итминон метавон гуфт, ки дар соли нав мизоҷони Бонки Эсхатаро аксия ва лоиҳаҳои зиёди бурднок интизор аст.

Эсхата - бонк барои наздикон!

* Санаи навсозии саҳифа 12.12.2024

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»
Перетащите или загрузите файл Файлы в формате pdf, doc, docx размером не более 10 мегабайт