Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Moody's рейтинги Эсхата Бонкро баланд бардошт. Ва ин танҳо рақамҳо нест.

11 марта 2026
Оҷонсии байналмилалии рейтингии Moody's рейтинги пасандозҳои дарозмуддати Эсхата Бонкро аз B3 ба B2 бо дурнамои устувор баланд бардошт.

Дар паси ин қарор якчанд омилҳои муҳим қарор доранд:
- тақвияти нишондиҳандаҳои молиявӣ
- устувории пойгоҳи сармоя
- низоми самараноки идоракунии хатарҳо
- рушди фаъоли сегменти чакана
- рушди тиҷорати хурду миёна.

Ҳамзамон, Moody's як қатор нишондиҳандаҳои асосии бонкро беҳтар кард:
• BCA (арзёбии қарзии асосӣ) — ба b2 баланд бардошта шуд
• CRR бо асъори миллӣ — B1
• CRR бо асъори хориҷӣ — B2
• Арзёбии хатари дарозмуддати муқобил — B1(cr)

Тавре ки раиси Раёсат Акмалҷон Сайфиддинов қайд кард: "Ин на танҳо тасдиқи устувории бонк ва эътимод ба стратегияи мост. Инчунин ангезаи тақвияти устувории молиявии мо, рушди хидматрасонии рақамӣ ва васеъ кардани имкониятҳо барои мизоҷон ва шарикон мебошад."

Болоравии рейтинг як сигнали муҳим барои ҷомеаи молиявии байналмилалӣ ва як қадами дигар ба сӯи тақвияти мавқеи Эсхата Бонк ҳамчун шарики боэътимоди молиявӣ мебошад.

Ба сӯи имкониятҳои нав, рушд ва пешрафти экосистемаи молиявӣ ҳаракат мекунем.

* Санаи навсозии саҳифа 11.03.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»