Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Трансформатсия

Мо ба платформаи байналмилалии "ASYCUDA" пайваст шудем

25 ноября 2025
Мо ҳамгироиро бо низоми байналмилалии идоракунии гумрукии "ASYCUDA" - платформаи глобалӣ, ки дар зиёда аз 100 кишвар истифода мешавад, бомуваффақият ба анҷом расонидем.

Дар шароити рақамикунонии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ суръат ва самаранокии равандҳои савдои хориҷӣ омили асосии рақобатпазирии тиҷорат мегардад.

Акнун мизоҷон ва шарикони Эсхата Бонк метавонанд, пардохтҳои гумрукиро тавассути хизматҳои "Эсхата Бизнес" Ва "Эсхата Онлайн" зуд, қулай ва бехатар пардохт кунанд. Мо сифати хизматро ба сатҳи нав мебарем.

Тиҷорат аз ин чӣ мегирад?
•    Тезонидани ҳамаи равандҳо
•    Коҳиши хатар ва азбайнбарии хатогиҳо
•    Шаффофияти амалиёт ва онлайн- назорати пурра
•    Тасдиқи фаврии пардохтҳо
•    Ҳамгироӣ бо воситаҳои ҳисобдорӣ ва молиявӣ
•    Дастарсии хизмат 24/7 (Эсхата Онлайн)

Хидмати нави рақамӣ расмиёти асосии гумрукиро ба формати электронӣ табдил медиҳад - аз пешниҳоди эъломияҳо то назорати автоматикунонидашуда ва мубодилаи маълумот байни агентиҳо. Барои давлат ин маънои афзоиши самаранокӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет ва барои тиҷорат суръат, шаффофият ва хатарҳои камтарро дорад.

Эсхата - мо на танҳо ҳалли рақамиро татбиқ мекунем, мо экосистемаи муосири тиҷоратро ташаккул дода, ба мизоҷон имкониятҳои нави рақамиро пешниҳод мекунем.

* Санаи навсозии саҳифа 25.11.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»