Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Инфо

Мизоҷони Эсхата аз пасандозҳои соли 2024 беш аз 242 миллион сомонӣ ба даст оварданд

21 мая 2025
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 ҶСК "Бонки Эсхата" ба мизоҷони худ беш аз 242 миллион сомонӣ даромадро аз рӯи амонатҳои мӯҳлатнок ва суратҳисобҳои пасандозӣ пардохт намуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 маблағи ин гуна пардохтҳо тақрибан 154 миллион сомониро ташкил дода буд. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки эътимоди мизоҷон ба Бонки Эсхата афзуда истодааст.

Сарфа ва зиёд кардани пасандоз қадами муҳим барои эътимод ба фардо мебошад. Яке аз роҳҳои боваринок ва дастрастарин барои расидан ба ин ҳадаф кушодани пасандоз аст. Имрӯз, Эсхата Бонк ба мизоҷони худ якчанд маҳсулоти амонатиро бо шартҳои гуногун пешниҳод мекунад.

Аз ҳама маъмул суратҳисоби амонатии "Озод" ва Пасандози мӯҳлатнок мебошанд:

Суратҳисоби амонатии "Озод" - фоизҳо ҳар моҳ ҳисоб карда ШУДА, ба маблағи асосӣ илова карда мешаванд. Мизоҷ метавонад ҳар вақт суратҳисобро озодона пурра намояд ва бозпас гирад. Суратҳисоб тавассути барномаи Эсхата Онлайн бо маблағи ҳадди ақал - 1 сомонӣ бо 6% солона кушода мешавад.

Пасандози мӯҳлатнок ба мизоҷ имконият медиҳад, ки асъор, мӯҳлат ва маблағи ҷойгиркуниро интихоб кунад. Меъери фоиз - 12% солона бо сомонӣ ва 2% солона барои доллари ИМА мебошад, агар пасандоз ба мӯҳлати аз 180 то 365 рӯз кушода шавад. Ҳангоми кушодани пасандоз ба мӯҳлати аз 366 то 731 рӯз, меъери фоиз - 16% солона дар сомонӣ ва 4% солонаро бо доллари ИМА ташкил медиҳад.

ҶСК "Бонки Эсхата" узви Фонди суғуртаи амонат ва пасандозҳои Тоҷикистон мебошад (Шаҳодатномаи узвият аз 19 июни соли 2023, №006), маблағҳои пулии амонатгузорон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи амонат ва пасандозҳо"суғурта карда шудаанд.

Роҳи осон ва қулай кушодани пасандоз - тавассути барномаи Эсхата Онлайн бидуни ташриф ба бонк, бо 1 сомонӣ маблағ.

Ҳамчунин мутахассисони мо ҳамеша омодаанд, ки дар вақти дилхоҳ ба мизоҷон маслиҳат диҳанд.

Бо Эсхата эътимоднокӣ, субот ва фоидаро интихоб кунед ва дар хотир доред, ки маблағҳои шумо ҳангоми истироҳати шумо кор мекунанд.

Эсхата - эътимод ва муфиднокӣ бо мост!



* Санаи навсозии саҳифа 22.05.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»