Дастовард
Кормандони мо «Аълочӣ» дар маблағгузории хурд эътироф шуданд
26 сентября 2025
22 сентябр дар шаҳри Гулистон Саммити Молиявии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, шарикони байналмилалӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид кард. Саммит ба як майдони васеъ барои табодули таҷриба, муҳокимаи тамоюлҳои муосир ва таҳияи стратегияҳои рушди бозори молиявии минтақа табдил ефт.
Лаҳзаи махсуси чорабинӣ - маросими ҷоизасупорӣ буд, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон (АТМТ) ташкил карда шуд. Дар шароити тантанавӣ беҳтарин кормандон ва ташкилотҳое, ки дар рушди низоми молиявии кишвар ва пешбурди инноватсия саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ карда шуданд.
Эсхата Бонк бо ифтихор хабар медиҳад, ки дар натиҷаи маросим ҳамкорони мо эътирофи баланди соҳавӣ пайдо карданд.
Ҳамин тариқ, АТМТ унвони "Аълочии маблағгузории хурд"-ро ба Комилов Махсудхон, Раиси Департаменти хавфҳои бонкӣ супорид. Ин ҷоиза эътирофи саҳми шахсии ӯ дар рушди бахши маблағгузории хурд, баланд бардоштани дастрасии хидматҳои молиявӣ ва дастгирии соҳибкорон мебошад.
Ҳамчунин Раҷабов Икромҷон - Сардори Департаменти ҳисоббаробаркунии амалиетӣ барои меҳнати софдилона, натиҷаҳои баланд, ташаббус ва саҳми назаррас дар рушд ва ҷорӣ намудани маҳсулоти инноватсионӣ дар фаъолияти ташкилоти маблағгузории хурд бо ифтихорномаи АТМТ мукофотонида шуд.