Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Корҳои техникӣ

Корҳои техникии нақшавӣ

11 августа 2026
Мизоҷони муҳтарам!
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва такмил додани хизматрасониҳои кортҳои VISA, аз 13 то 22 августи соли 2026 корҳои нақшавии техникӣ гузаронида мешаванд.
Аз ин рӯ, хоҳишмандем ба тағйироти муваққатӣ дар кори маҳсулоти VISA диққат диҳед.

Чӣ тағйир меёбад?
- Аз 13 то 22 август барориши кортҳои дебетии VISA муваққатан дастнорас  мегардад;
- Аз 20 то 22 август амалиётҳо тавассути кортҳои Visa муваққатан ғайриимкон  хоҳад буд.

Барои роҳати шумо, хоҳиш мекунем, ки чораҳои заруриро пешакӣ андешед:
- ба дорандагони кортҳои Visa: маблағҳои пулии худро ба «Корти миллӣ» интиқол диҳанд, то дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳо ва интиқолҳоро анҷом диҳанд;
- ба мизоҷоне, ки дар давраи зикршуда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳанд дошт, тавсия дода мешавад, ки маблағи зарурии нақдро барои истифода дар давраи маҳдудияти муваққатии фаъолияти кортҳои Visa пешакӣ дастрас намоянд.

Ҳамаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, ба истиснои маҳдудиятҳои зикршуда, ба таври муқаррарӣ фаъолият хоҳанд кард.

Корҳои техникӣ дар доираи таҷдиди инфрасохтори кортии бонк гузаронида шуда, ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, бехатарӣ ва сифати хизматрасонии мизоҷон нигаронида шудаанд.

Барои фаҳмишатон миннатдорӣ баён намуда, барои ноқулайиҳои муваққатӣ  маъзарат мепурсем.

* Санаи навсозии саҳифа 11.08.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»