Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Иқдом

Иқдоми "Калима соз 2025" аз Эсхата!

8 декабря 2025
КАЛИМАИ «ЭСХАТА»-РО ҶАМЪ КУНЕД ВА СОҲИБИ «iPHONE 17 PRO» ШАВЕД!

Эсхата Бонк ба мизоҷони худ имконияти беназир пешкаш мекунад. Соҳиби гаҷетҳои навтарин - «iPhone 17 Pro» ва «iWatch Series 11» гардед.

Аз 1 то 26 декабр дорандагони кортҳои "Visa" аз Эсхата, ки истифодабарандагони идентификатсияшудаи барномаи "Эсхата Онлайн" мебошанд, метавонанд дар аксияи калони солинавӣ иштирок намоянд.

Барои тасдиқ намудани иштирок дар аксия, ба мизоҷ лозим аст, дар барномаи "Эсхата Онлайн" тугмаи "Согласен"-ро пахш намояд ва сипас тавассути ҳамёни электронӣ пардохтро бо QR-код анҷом диҳад ва ё хизмати алоқа, интернет, телевизион, таҳсил ва ҳар гуна хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намояд.

Баъдан, мизоҷ бояд бо корти "Visa" тавассути POS-терминалҳо харид ва хизматҳоро пардохт намояд, интиқоли маблағҳоро тавассути "Visa Direct" анҷом диҳад, инчунин пардохти харидҳо аз интернет ва аз маркетплейсҳоро бо корти "Visa" амалӣ намояд. Пас аз ҳар як пардохти бомуваффақият, дар давоми се рӯз ба мизоҷ дар барномаи "Эсхата Онлайн" ҳарфҳо фиристода мешаванд.

Барои гирифтани ҳарф, чӣ қадар маблағ харҷ кардан лозим?

- 1 (як) ҳарф барои пардохт аз 30 то 99 сомонӣ
- 2 (ду) ҳарф барои пардохт аз 100 то 199 сомонӣ
- 3 (се) ҳарф барои пардохт аз 200 то 999 сомонӣ
- 4 (чор) ҳарф барои пардохт зиёда аз 1000 сомонӣ

Ҳарфҳо дар "Эсхата Онлайн" дар муддати 3 (се) рӯз пас аз анҷом додани пардохт пешкаш мегарданд. Маълумот дар бораи ҳарфҳо барои ҳар як мизоҷ инчунин дар "Эсхата Онлайн" дастрас хоҳад буд.

Соҳиби «iPhone 17 Pro» он мизоҷе ҳисобида мешавад, ки ҳарфҳои калимаи "ЭСХАТА"-ро ҷамъ кунад.

Соатҳои зебои «iWatch Series 11» ба фаъолтарин иштирокчиёни аксия пешкаш карда мешаванд.

Иқдом санаи 30.12.2025сол ҷамъбаст мегардад.

Маълумот дар бораи ғолибон дар сомонаи расмии мо ва дар сомонаҳои иттилоотии расмии шарикон нашр мегардад.

Маълумоти муфассал Калима соз 2025 

"Эсхата Онлайн"-ро зудтар зеркашӣ кунед, корти ройгони "Visa"-ро фармоиш диҳед ва эҳсос намоед, ки чӣ гуна технологияҳо зиндагиро осонтар мекунанд.

Эсхата – вақте молия ба орзу меорад

* Санаи навсозии саҳифа 09.12.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»