Дастовард
Эътирофи муваффақият ва саҳм барои оянда: Эсхата Бонк дар Форуми Байналмилалии бонкӣ-2026
2 октября 2026
30 сентябр дар бинои меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе, Форуми Байналмилалии бонкӣ - 2026 дар мавзӯи "Бахши молиявӣ дар даврони инноватсияи рақамӣ" - яке аз бузургтарин майдончаҳои минтақавӣ барои муколама байни бонкҳои марказӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи донорҳо ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ, баргузор гардид.
Дар ҷараёни форум Акмалҷон Сайфиддинов, Раиси Раёсати Эсхата Бонк барои саҳми арзандааш дар рушди низомҳои бонкӣ ва рақамии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд - ин эътироф натиҷаи талошҳои пайваста ва деринаи бонк дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими суботи молиявии кишвар мебошад. Ҳамчунин роҳбарони филиалҳои Бонк низ боифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Илья Забегаев, Роҳбари Департаменти табдили рақамӣ ва стратегия, дар муҳокимаи панелӣ, дар доираи ҷаласаи умумии №5 "Ояндаи бонкҳо: экосистемаҳои рақамӣ ва рушди устувор" иштирок намуд. Илья Забегаев назари бонкро оид ба табдили рақамӣ, рушди моделҳои молиявии устувор ва ояндаи бахши бонкии Тоҷикистон иброз дошт.
Эсхата Бонк чорабинии муҳимро барои бахши молиявии минтақа дастгирӣ намуда, ҳамчун шарики Форум баромад кард. Иштирок ва саҳми бонк дар ташкил ва қисми мӯҳтавои чорабинӣ нақши онро ҳамчун як ниҳоди калидӣ дар рушди низоми молиявии кишвар боз ҳам таъкид месозад.
Форум зиёда аз 200 иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои финтехи минтақаро муттаҳид намуд.
Эсхата - бонк барои наздикон