Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эътироф дар сатҳи давлатӣ: Раиси Раёсати Эсхата Бонк аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия бо мукофотҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуд

8 сентября 2026
7 сентябри соли равон, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросимҳои тантанавии қадрдонии мутахассисоне, ки дар рушди низоми молиявию бонкии кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, баргузор гардид.

Бо ифтихор хабар медиҳем, ки Раиси Раёсати ҶСК "Бонки Эсхата" Акмалҷон Сайфидинов бо ду мукофоти баланд сарфароз гардонида шуд:
Нишони фахрии Бонки миллии Тоҷикистон" - барои саҳми назарраси шахсӣ дар мустаҳкам намудани низоми бонкии кишвар, инчунин нишони фахрии "Аълочии низоми молиявии Тоҷикистон"-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои меҳнати бисёрсола, касбияти баланд ва саҳми муҳим дар рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла интишори аввалин вомбаргҳои сабз дар доираи татбиқи стратегияи ESG ва принсипҳои рушди устувор.

Акмалҷон Сайфидинов: " Барои ман соҳиб шудан ба эътирофи ду ниҳоди калидии молиявии кишвар - Бонки миллӣ ва Вазорати молия - шарафи бузург ва масъулияти хос аст. Шахсан барои ман, ин тасдиқи он аст, ки самти интихобшуда оид ба рушди воситаҳои нави молиявӣ, принсипҳои ESG ва стандартҳои баланди идоракунӣ комилан дуруст мебошад. Аммо мехоҳам таъкид намоям: ҳарду мукофот хизмати на танҳо як шахс, балки тамоми дастаи бузургу муттаҳиди мутахассисони Бонки Эсхата мебошад. Инчунин, албатта, эътирофи мазкур ба шарофати боварии мизоҷони мо ба даст омадааст, зеро маҳз барои онҳо мо ҳар рӯз кор мебарем, то хидматрасониҳои молиявӣ дастрас, эътимодбахш ва инноватсионӣ бошанд. Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияро барои баҳогузории баланди фаъолияти мо ва боварии зоҳиршуда сидқан сипосгузорӣ менамоям. Мо ҳадафҳои нави ҷасурона ба хотири ободии низоми молиявӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон дорем".

Эътирофи ҳамзамон аз ду ниҳоди калидии молиявии кишвар - Бонки миллӣ ва Вазорати молия, тасдиқи он аст, ки Бонки Эсхата бо боварӣ ба самти дуруст ҳаракат мекунад: бозори молиявии кишварро рушд медиҳад, стандартҳои пешрафтаи идоракуниро ҷорӣ мекунад ва принсипҳои рушди устуворро пайваста пеш мебарад.

Эсхата - бонк барои наздикон

* Санаи навсозии саҳифа 15.09.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»