Саводнокии молиявӣ
Эътимоди молиявӣ аз донишҳои оддӣ оғоз мешавад. Дониш - аз муколамаи кушод
30 июня 2026
Маҳз бо ҳамин мақсад Эсхата Бонк дар Фестивали саводнокии молиявӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ташкил гардид, иштирок намуд.
Барои мо ин танҳо иштирок дар як чорабинӣ нест. Ин имкониятест, ки дар паҳлуи мардум бошем, таҷрибаи худро мубодила кунем, ба саволҳо посух диҳем ва барои қабули қарорҳои молиявие, ки зиндагиро оромтару боэътимодтар мегардонанд, мусоидат намоем.
Мутахассисони мо ба меҳмонони фестивал дар бораи тарзи ташаккули пасандозҳо, идоракунии дурусти буҷети шахсӣ, истифодаи бехатари хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ва имкониятҳои пардохтҳои муосири ғайринақдӣ маълумот доданд. Иштирокчиён ҳамчунин бо барномаи мобилии Эсхата Бонк ва қарорҳои рақамие шинос шуданд, ки амалиётҳои ҳаррӯзаи молиявиро зудтар, қулайтар ва бехатартар мегардонанд.
Мо итминон дорем, ки на танҳо бо пешниҳоди маҳсулот, балки бо кӯмак ба мардум барои беҳтар дарк кардани масъалаҳои молиявӣ, ғамхорӣ нисбат ба ояндаи онҳо ва ҳамеша дар паҳлӯ будан дар лаҳзаҳои муҳими зиндагӣ бонк ба бонки интихоби аввалини мизоҷон табдил меёбад.
Эсхата - бонк барои наздикон