Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эътимод меафзояд: портфели пасандозҳои мӯҳлатноки Эсхата ба 2 миллиард сомонӣ расид

1 октября 2025
Эсхата Бонк хабар медиҳад, ки портфели пасандозҳои мӯҳлатнок аз 2 миллиард сомонӣ зиёд гардид.

Аммо паси ин рақам танҳо маблағ намеистад. Ин эътимоди ҳазорон оилаҳо, соҳибкорон, нафақахӯрон ва донишҷӯёнест, ки Эсхатаро барои нигоҳдорӣ ва афзоиши маблағҳои худ инихоб мекунанд.

Чаро одамон Эсхатаро интихоб мекунанд?

Чунки ин ҷо - ҳар як пасандоз як қадам ба сӯи орзу аст.

Оила метавонад оромона барои тӯйи писараш ё хариди хонаи нав ҷамъ кунад.

Донишҷӯ - барои таҳсил ва рушди худ пул ҷамъ намояд.

Соҳибкор – даромадашро барои васеъ кардани мағоза ё кушодани нуқтаи савдои нав сарфа мекунад.

Нафақахӯр - пасандозҳояшро дар ҷои бехатар нигоҳ дорад ва даромади моҳона ба даст орад.

Афзоиши эътимод-афзоиши боварӣ
Вақте шумораи бештари одамон маблағҳои худро бо боварӣ ба мегузоранд, ин маънои онро дорад: система шаффоф ва боэътимод кор мекунад. Ҳатто дар шароити душвори иқтисодӣ, Эсхата суботро таъмин мекунад ва барои пасандоздорон шароити мусоид фароҳам меорад.

Манфиатҳои пасандозҳо дар Эсхата:
Эътимоднокӣ - пулҳои шумо ҳифз карда шудаанд.

Даромаднокӣ – маблағ бекор намехобад, балки фоида меорад.

Дастрасӣ – пасандозро тавассути барномаи мобилии Эсхата Онлайн кушодан ва идора кардан мумкин аст.

Чандирӣ - ҳама барои ҳадафҳои худ пасандоз интихоб мекунад: аз мӯҳлати кӯтоҳ то пасандозҳои дарозмуддат.

Эътимоди мизоҷон - сармояи асосӣ
“Барои мо на ин ки рақам, балки дилпурии одамоне, ки ба мо пасандозҳои худро бовар намудаанд, муҳим аст. Ҳар як амонатгузор - шарики мост, ки мо бо вай ба сӯи ояндаи устувор ва муваффақ меравем" – зикр намуданд роҳбарияти бонк.

Пасандозҳо - аз пул арзишмандтаранд
Бо гузоштани маблағ ба пасандоз, шумо нақшаҳо меофаред: хариди мошин, таълими кӯдакон, оғоз намудани кори тиҷоратӣ ва ё сафар. Ин итминон ба он аст, ки фардо пасандозҳои шумо барои шумо ва наздикони шумо кор хоҳанд кард.

Қадами аввалро гузоред
Имрӯз ҳазорон нафар сокинони Тоҷикистон аллакай ба пасандозгузорони Эсхата Бонк табдил ёфтаанд. Шумо низ ҳамроҳ шавед ва сафари худро ба мустақилияти молиявӣ ва
амалишавии орзуҳо оғоз кунед!

ҶСК «Бонки Эсхата» - яке аз бонкҳои боэътимод ва муосири Тоҷикистон буда, дар соҳаи бонкии кишвар ба сегонаи пешсаф дохил мешавад. Эсхата Бонк узви Фонди суғуртаи амонат ва пасандозҳои Тоҷикистон буда (Шаҳодатномаи узвият аз 19 июни соли 2023, №006), маблағҳои пулии амонатгузорон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонат ва пасандозҳо” суғурта шудааст.

Эсхата Бонк – ҳамеша наздик, ҳамеша боэътимоднадёжно.

* Санаи навсозии саҳифа 01.10.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»