Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Трансформатсия

Эсхата: Рақамисозӣ тренд не, балки зарурат аст

22 июля 2025
Мо мисли пештара кӯшиш мекунем, ки равандҳоро суръат бахшем, хароҷотро кам кунем ва сифати хизматрасониро баланд бардорем

Эсхата Бонк яке аз аввалин бонкҳоест, ки дар Тоҷикистон на танҳо дар бораи рақамисозӣ сухан меронад, балки онро алҳол дар амал татбиқ мекунад. Яке аз қадамҳои асосӣ дар ин самт - татбиқи технологияҳои ҷадид ва муосир мебошад, ки ба роботкунонии амалиетҳои муқаррарӣ имкон медиҳанд.

Дар Эсхата технологияи RPA амал мекунад. RPA (Robotic Process Automation). Ин технологияест, ки ба шумо имкон медиҳад роботҳои барномавиро, ки ба амалҳои инсон дар системаҳои рақамӣ тақлид мекунанд, эҷод кунед. Роботҳои барномавӣ аллакай вазифаҳои коркарди маълумот, пур кардани варақаҳо ва таҳияи ҳисоботҳоро ба ӯҳда гирифтаанд. Ин ба кормандон имкон медиҳад, ки худро аз кори такрорӣ озод намуда, ба вазифаҳои муҳимтар ва эҷодӣ машғул гарданд.

Мо бо роботикунонии визуалӣ маҳдуд намешавем, мо рамзи худро менависем ва онро нигоҳ медорем, сенарияҳои мураккаби мантиқӣ эҷод мекунем ва алгоритмҳои чандирро танзим мекунем

RPA – низоми чандирест, ки ҳам бо платформаҳои муосир ва ҳам қаблӣ ба осонӣ ҳамҷоя мешавад. Бо қобилияти кор дар сатҳи API, он ҳамкории зуд ва бефосиларо бо системаҳои гуногуни IT таъмин мекунад, ки роботикунонии равандҳоро ҳатто дар муҳити мураккаби бонкӣ осон ва самаранок мекунад.

Имрӯзҳо беш аз 10 роботи барномавӣ ҳар рӯз бо муқоиса ва ҳисобҳо дар шабакаҳои терминалӣ машғуланд, инчунин вазифаҳоро дар самтҳои кортӣ ва қисми ҳисобот иҷро мекунанд, ки самаранокии кори бонкро хеле баланд мебардоранд ва ин маҳдудият нест.

Роботкунонии оқилона: чӣ гуна як гурӯҳ аз 5 мутахассис равандҳои бонкро роботсозӣ мекунад

Дастаи скрам пайваста роботҳои барномавиро такмил ва оптимизатсия намуда, самаранокии онҳоро баланд ва имкониятҳои автоматизатсияро васеъ менамояд. Дар роботкунонӣ муҳим аст, ки на танҳо роботҳоро ба кор андозед, балки равандҳои автоматизатсияро оқилона интихоб намоед. Мо таҳлили амиқ мегузаронем: давомнокӣ, басомад ва мураккабии вазифаҳоро омӯхта, таъсири иқтисодӣ ва хатарҳоро арзёбӣ мекунем - зикр намуд Менеҷери маҳсулот оид ба роботкунонии Департаменти ҳисоббаробаркунии амалиетии Эсхата Бонк Усмонов М.

Ҳадафи мо сохтани бонки рақамии интеллектуалӣ мебошад, ки дар он технология ба одамон кӯмак мекунад, на балки онҳоро иваз мекунад

Мо боварӣ дорем, ки навоварӣ бояд дастрас, муфид ва муассир бошад.

RPA – ин оянда нест. Ин айни замон дар амал аст.

* Санаи навсозии саҳифа 22.07.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»