Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Саводнокии молиявӣ

Эсхата: Мо ба рушди саводнокии молиявии насли ҷавон мусоидат мекунем

22 апреля 2026
Дар доираи супоришҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти омӯзгорон ва донишҷӯен бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Эсхата Бонк баргузор гардид.

Чорабинӣ ба майдони муколамаи ошкоро байни донишҷӯен ва коршиносони бахши молия табдил ёфт. Дар маркази диққат масъалаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, намудҳои воситаҳои пардохт ва принсипҳои асосии амнияти молиявӣ дар шароити рақамисозӣ буданд.

Иштирокчиен ба муҳофизат аз қаллобӣ ва ташаккули малакаҳои устувори истифодаи бехатари хидматҳои бонкӣ диққати махсус доданд.

Роҳбари самти бренд-маркетинги Департаменти маркетинги Эсхата Бонк - Ф.Исматуллоев нақши афзояндаи қарорҳои рақамӣ ва аҳамияти муносибати огоҳона ба идоракунии молияи шахсиро қайд намуд.

Нозири дараҷаи 1-и шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии идораи вилоятии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд - А.Атаев ба масъалаи ҳимоя аз қаллобӣ ва ташаккули малакаҳои устувори истифодаи бехатари хизматрасониҳои бонкӣ диққати махсус дод.

Чунин ташаббусҳо тамоюли устувори баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон ва рушди фарҳанги истифодаи масъули хизматрасониҳои молиявиро дар кишвар инъикос мекунанд.

Эсхата Бонк на танҳо кӯшиш мекунад, ки хидматҳои молиявиро рушд диҳад, балки ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ кунад ва ба ташаккули муносибати боэътимод ва масъулиятнок ба пул ва оянда кӯмак кунад.

* Санаи навсозии саҳифа 22.04.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»