Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Маҳсулот

Эсхата Junior: Чӣ гуна бояд саводнокии молиявиро бе назорати аз ҳад зиёд таълим дод

22 сентября 2026

Чӣ тавр ба кӯдак саводнокии молиявиро таълим додан мумкин аст?
Яке аз беҳтарин роҳҳо ин аст, ки ба кӯдак имконият дода шавад, то маблағҳои ночизро мустақилона идора кунад ва тадриҷан тарзи ба нақша гирифтани хароҷот ва пасандозро омӯзад - дар ҳоле, ки волидон барои раҳнамоӣ дар канори ӯ монанд.

Дар Тоҷикистон барои ин мақсад волидон метавонанд Эсхата Junior - ҳамёни рақамии кӯдаконаро истифода баранд, ки ба онҳо дар идоракунии маблағҳояшон кӯмак мерасонад ва ҳамзамон ба волидон имкон медиҳад, ки таърихи амалиётҳоро бубинанд ва маҳдудиятҳои хароҷотро муқаррар намоянд.

Пул ва кӯдакон:
Ба назар чунин мерасад, ки барои ҳар як волидайн шинос аст: шумо ба фарзандатон пули ҷайб медиҳед ва пас аз чанд рӯз намедонед, ки онҳо ба куҷо рафтанд.
Бевосита пурсед? Кӯдак метавонад хомӯш истад ё ҷавоб диҳад: "Сарф кардам". Пули нақдро бошад, пайгирӣ кардан ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, ҳар як волидайн як чизро мехоҳад: фарзандаш бо пул бомасъулият муносибат карданро ёд гирад.

Пулҳои ҷайб - аввалин дарси молиявӣ мебошанд

Саводнокии молиявӣ хеле пеш аз он ки кӯдак аввалин музди меҳнати худро гирад, ташаккул меёбад. Бо гирифтани пули ҷайб, кӯдак ин чизҳоро меомӯзад:
* банақшагирии хароҷот;
• фарқ кардани хоҳиш аз ниёз;
* сарфа кардан барои мақсадҳои калон ;
* оқибатҳои қарорҳои худро мефаҳмад.
Вазифаи асосии волидон ин рушди мустақилияти кӯдак дар баробари нигоҳ доштани ҳисси амният мебошад

Вақте ки назорат эътимодро вайрон намекунад 

Шарт нест, ки шумо ҳар як харидро зери назорат гиред ё хароҷоти худро комилан эътибор надиҳед. Роҳи сеюм низ вуҷуд дорад: шаффофият.

Маҳз ба ҳамин сабаб, шумораи бештари оилаҳо аз пули нақд ба воситаҳои рақамӣ гузашта истодаанд.

Эсхата Junior - ҳамёни рақамии кӯдакона, ки ба кӯдак имкон медиҳад, ки пули худро мустақилона истифода барад ва волидон таърихи амалиётро бе дахолат ба ҳар як харид бубинанд.
Кӯдак мустақилияти бештар мегирад, волидон бошанд, оромии бештар.

Пул ҳамеша зери даст аст
Дарсҳои иловагӣ, экскурсия ё сафари ғайричашмдошт - ҳолатҳои гуногун зиёданд. Тавассути барномаи "Эсхата Онлайн" волидон метавонанд дар ҳар куҷое ки набошанд, дар тӯли чанд сония ҳисоби кӯдакро пур кунанд.
Формати рақамӣ ба коҳиш додани хатарҳои марбут ба пули нақд мусоидат мекунад: гум кардани пул ё дар хона фаромӯш кардани он душвортар аст. Волидайн метавонанд хароҷотро назорат кунанд, ҳисобро пур кунанд ва барои хароҷоти рӯзона лимит гузоранд.

Ин на барои назорат ба хотири худи назорат, балки имкониятест барои тадриҷан омӯзонидани кӯдак ба идоракунии мустақилонаи маблағҳояш аст.

Саводнокии молиявӣ аз амалия оғоз меебад
Вақте ки кӯдак худаш барои харид тавассути QR пардохт мекунад, ҳисоби алоқаи мобилиро пур мекунад, пулро дар хазинаи рақамӣ ҷамъ мекунад ва барои аввалин орзуи бузурги худ сарфа мекунад, саводнокии молиявӣ барои вай дигар - назария намешавад.
Он ба одат табдил меёбад.
Сӯҳбат дар бораи пул тағир меебад. Ба ҷои "Пулро ба куҷо сарф кардӣ? саволҳои дигар пайдо мешаванд: "Барои чӣ сарфа карда истодаӣ?", "То охири ҳафта маблағи кофӣ дорӣ?", "Шояд қисми пулро нигоҳ дорӣ ва ҷамъ намоӣ?"»
Ҳамин тавр, воситаҳои рақамӣ ба волидон кӯмак мекунанд, ки на танҳо хароҷотро назорат кунанд, балки муносибати масъулиятноки кӯдакро ба пул ташаккул диҳанд.

Эсхата Junior-аввалин ердамчии молиявии кӯдак
Имрӯз, технология на танҳо ба сарфаи вақт, балки ба ташаккули одатҳои хуб мусоидат мекунад.

Эсхата Junior ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки мустақилиятро омӯзанд, ба волидайн бошад - муносибати оромонаро ба қарорҳои аввалини молиявии онҳо.

Ба ташаккули одатҳои молиявӣ аз ҳамин рӯз шурӯъ кунед.

Эсхата Junior-ро дар барномаи "Эсхата Онлайн" пайваст кунед ва ба фарзандатон имконият диҳед, ки қадамҳои аввалини худро дар идоракунии пул - дар муҳити фаҳмо ва бехатар гузорад.

Эсхата Онлайнро зеркашӣ кунед: https://eskhata.onelink.me/jG0J/9vge

* Санаи навсозии саҳифа 22.09.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»