Маълумоти муҳим
Эсхата: интиқоли шахсӣ андозбандӣ намешавад
26 мая 2026
Муҳтарам мизоҷон!
Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо мавод ва шарҳҳои гуногун вобаста ба интиқолҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ ва лоиҳаи нави пилотӣ барои соҳибкорон фаъолона паҳн шуда истодаанд. Мехоҳем маълумоти асосиро кӯтоҳ ва фаҳмо шарҳ диҳем.
Пеш аз ҳама: интиқолҳои оддӣ байни шахсони воқеӣ ба механизми нав дахл надоранд. Агар шумо ба наздикон, дӯстон ё фарзандон маблағ интиқол диҳед, кумак қабул намоед ё ҳамёни электрониро барои мақсадҳои шахсӣ истифода баред - ин амалиётҳо андозбандӣ намешаванд ва ба ин лоиҳа иртибот надоранд.
Лоиҳаи пилотӣ танҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ дахл дошта, ба дастгирии соҳибкории хурд, шахсони худмашғул ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар равона шудааст.
Механизми нав барои соҳибкорон чӣ пешбинӣ мекунад:
- паст намудани меъёри андоз аз 6% то 3%;
- ҳисобкунии автоматии андоз тавассути низом;
- ташаккули автоматии ҳисоботҳо;
- набудани санҷишҳои андоз дар давраи амалисозии лоиҳаи пилотӣ;
- кешбэк 1% барои харидорон ҳангоми пардохти ғайринақдӣ.
Ҳамчунин қайд кардан муҳим аст, ки айни замон низом ҳанӯз ба кор андохта нашудааст. Айни ҳол Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳо ва мақомоти давлатӣ корҳои техникии омодасозӣ ва ҳамгироии низомро анҷом медиҳад. Механизми нав танҳо баъд аз оғози расмӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Амалиётҳое, ки қаблан анҷом дода шудаанд, таҳти амали ин механизм қарор намегиранд.
Алоҳида таъкид менамоем, ки сирри бонкӣ ва махфияти маълумоти мизоҷон пурра ҳифз карда мешаванд. Низом барои соддагардонии фаъолияти соҳибкорон, баланд бардоштани роҳатии ҳисоббаробаркунӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ таъсис дода мешавад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки танҳо ба маълумоти манбаъҳои расмӣ эътимод намоед ва нисбат ба овозаҳо ва нашрияҳои тасдиқнашуда бо дарки масъулият муносибат кунед. Ҳангоми пайдо шудани шарҳҳои расмии иловагӣ мо ҳатман тавассути каналҳои расмии иттилоотии худ шуморо огоҳ хоҳем кард.