Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Қонун

Эсхата фаъолиятро оид ба таъмини шаффофият ва мубориза бар зидди коррупсия пурзӯр мекунад

19 мая 2026
Дар ҶСК «Бонки Эсхата» вохӯрӣ оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

ҶСК «Бонки Эсхата» дар доираи сиёсати пешгирифтаи худ ҷиҳати таъмини шаффофият, таҳкими низоми назорати дохилӣ ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои пайвастаи талабот ва чорабиниҳои пешбинигардидаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияро идома дода истодааст.

Бо ин мақсад, дар шаҳри Бохтар вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки кормандони филиалҳои Бонк дар вилояти Хатлон ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 барои марҳилаи дуюм ташкил карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба кормандони Бонк моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва уҳдадориҳои ташкилотҳои молиявӣ шарҳ дода шуда, ҳамзамон ба масъалаҳои шаффофият, поквиҷдонӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар низоми бонкӣ диққати махсус зоҳир гардид.

Хусусан қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноки чораҳои зиддикоррупсионӣ масъулияти ҳар як кормандро талаб менамояд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими низоми назорати дохилӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ, инчунин рушди минбаъдаи хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ҳамчун яке аз воситаҳои коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ҶСК «Бонки Эсхата» минбаъд низ сиёсати шаффофият, ошкорбаёнӣ ва мавқеи таҳаммулнопазирии сифриро нисбат ба коррупсия пайгирӣ намуда, татбиқи чорабиниҳоро ҷиҳати таҳкими низоми назорати дохилӣ, баланд бардоштани маданияти комплаенс ва таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад.

* Санаи навсозии саҳифа 19.05.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»