Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эсхата бори дигар барои саҳмаш дар рушди соҳибкории занон бо мукофот қадрдонӣ гардид

4 мая 2026
ҶСК «Бонки Эсхата» бо ифтихорномаи фахрии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзӣ-молиявӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ ба занони соҳибкор» сарфароз гардонида шуд.

Ин ташаббус ба дастгирии муассисаҳои молиявие равона шудааст, ки ба рушди соҳибкории занон мусоидат намуда, дастрасии онҳоро ба захираҳои молиявӣ васеъ ва фаъолнокии иқтисодии онҳоро баланд мебардоранд. Дар доираи озмун таҷрибаҳои беҳтарини бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои қарзӣ ва ғайриқарзӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои рақамӣ ва татбиқи барномаҳои дастгирии занон дар тиҷорат арзёбӣ карда мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои интихоб Эсхата Бонк барои фаъолияти мунтазам дар самти рушди хизматрасониҳои молиявӣ барои занони соҳибкор, инчунин пешбурди воситаҳои муосири ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва қарорҳои дастраси бонкӣ қадрдонӣ гардид.

Ҷоизаи бадастомада бори дигар ӯҳадории бонкро ба принсипҳои фарогирии молиявӣ ва рушди устувор, инчунин диққати стратегӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занон дар фаъолияти соҳибкорӣ тасдиқ мекунад.

Дар доираи рушди минбаъда дар ин самт, дар ояндаи наздик Эсхата маҳсулоти нави молиявиро, ки махсус барои занон бо фоизи ҷолиб таҳия шудааст пешниҳод хоҳад кард.

Бонк минбаъд низ татбиқи ташаббусҳоро, ки ба дастгирии соҳибкории занон ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ дар саросари кишвар равона шудаанд, идома медиҳад.

* Санаи навсозии саҳифа 04.05.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»