Дастовард
Эсхата – Бонки пешсафи шарики Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон барои соли 2024
12 сентября 2025
Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи барномаи бонуфузи Trade and Supply Chain Finance Program (TSCFP) – «Молиякунонии савдо ва занҷирҳои таъминот» ҶСК «Бонки Эсхата»-ро бо ҷоизаи баланд ва ифтихорӣ дар номинатсияи «Бонки пешсафи шарик дар Тоҷикистон барои соли 2024» сарфароз гардонид.
Маросими ҷоизасупорӣ — «11th Annual Trade and Supply Chain Finance Awards 2025» — рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Сингапур баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ намояндагони бонуфузи соҳаҳои бонкӣ ва молиявии минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ҷамъ омаданд. Ин рӯйдод далели равшани саҳми назарраси Эсхата Бонк дар рушди молиякунонии савдои байналмилалӣ гардид.
Ҳар сол барномаи молиякунонии савдо ва занҷирҳои таъминот (TSCFP) зиёда аз 200 намояндагони бонкҳои пешбари кишварҳои иштирокчиро гирди ҳам меорад. Ин як минбари нодир барои мубодилаи таҷриба, таҳияи қарорҳои стратегӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи молиякунонии савдо ба ҳисоб меравад.
Бо ифтихор хабар медиҳем, ки ҶСК «Бонки Эсхата» низ байни ҷоизадорон қарор дорад, ки барои фаъолияти фаъоли худ дар доираи барнома ва риояи меъёрҳои баланди ҳамкории байналмилалии молиявӣ қадршиносӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки ин барнома нақши муҳимро дар ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебозад ва барои ширкатҳо имкониятҳои навро баҳри рушди устувор дар бозорҳои ҷаҳонӣ фароҳам меорад.
Ҳадафи он - на танҳо осон кардани дастрасӣ ба маблағгузории амалиётҳои савдои хориҷӣ, балки эҷоди муҳити мусоид барои фаъолияти самаранок ва бехатар дар миқёси глобалӣ мебошад.
Барнома маҷмӯи васеи услубҳо ва қарорҳои молиявиро фаро мегирад, ки барои коҳиш додани хатарҳои содиркунандагону воридкунандагон, беҳтар кардани шартҳои маблағгузории аҳдҳо ва ташвиқи эҷод ва татбиқи маҳсулоти нави молиявӣ нигаронда шудааст.
Эсхата Бонк аз шарикии деринаи худ бо Бонки Осиёии Рушд, ки ҳанӯз соли 2012 дар доираи Фонди маблағгузории занҷири таъминот ва савдо (TSCFP) таъсис ёфтааст, ифтихор дорад. Солҳои охир ҳамкориҳои байни созмонҳои мо на танҳо таҳким ёфт, балки ба таври назаррас тавсеа ёфта, соҳаҳои бештарро дар бар гирифта, ҳаҷми дастгирии фаъолияти иқтисодии берунии мизоҷонро афзун намуданд.
Тавре Иҷрокунандаи вазифаи Директори молиявии ҶСК “Бонки Эсхата” Юлия Валентини қайд намуд:
«Бо гузашти вақт ҳамкории мо дар доираи барнома аҳамияти бештар пайдо мекунад. Афзоиши устувори ҳаҷми маблағгузории амалиётҳои иқтисоди хориҷӣ гувоҳи равшани рушди талаботи тиҷорат ва эътимоди мизоҷони мост».
Барои мизоҷони мо муҳимтарин омилҳо — шароите мебошад, ки ба онҳо имкон медиҳад фаъолияти иқтисодии хориҷии худро бо итминон ва самаранок пеш баранд: дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ бо шартҳои беҳтар аз бозор, ҷадвалҳои чандири маблағгузорӣ ва камтарин хатари ҳар як аҳд.
Бо шарофати ин, ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд ба як воситаи на танҳо фоидаовар, балки такягоҳи боэътимод ва шарики стратегии мо табдил ёфтааст, ки имкониятҳои навро барои рушди мизоҷон ва муваффақияти байналмилалӣ мекушояд.