Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Муҳим

Эсхата Бонк шарикии худро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тақвият мебахшад

22 сентября 2025
Имрӯз дар шаҳри Гулистон Эсхата Бонк ду қадами муҳими стратегӣ гузошт, ки барои тиҷорат дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Дар доираи лоиҳаи RSF (Механизми тақсимоти хавфҳо), Эсхата Бонк ва БАТР созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он БАТР лимити маблағгузории худро 7 миллион доллари ИМА зиёд намуд ва айни ҳол ҳаҷми умумии он 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. ДАР доираи механизми тақсимоти хавфҳо, БАТР то 50% хавфҳоро дар ташаббусҳои алоҳидаи қарзӣ рӯпӯш хоҳад кард.

Ин қарор ба бонк имкон медиҳад, ки бо мақсади қарз барои тиҷорати хурду миёна фаъолтар маблағ ҷудо намуда, ба соҳибкороне, ки қаблан бо сабаби кам будани маблағҳои дархостшуда дастрасии маҳдуд ба маблағгузорӣ доштанд, дастрасӣ пешкаш кунад ва инчунин рушди ташаббусҳои навро дар иқтисодиети кишвар дастгирӣ кунад.

Инчунин, айни замон дар майдонҳои Саммити Молиявии Осиёи Марказӣ маросими оғози ташаббуси глобалии "Кодекси маблағгузории занони соҳибкор" (We Finance Code), ки аз ҷониби БАТР баргузор гардид.

Эсхата Бонк яке аз аввалин имзокунандагон ва ҷонибдорони ин кодекс дар Тоҷикистон гардид, ки ӯҳдадории худро барои фароҳам овардани шароит барои рушди тиҷорати занон тасдиқ кард.
We Finance code - ҳаракати байналмилалӣ мебошад, ки 14 кишвари ҷаҳон ва 8 ташкилоти пешрафтаи рушдро барои васеъ кардани имкониятҳои иқтисодӣ барои занони соҳибкор муттаҳид месозад.

"Мо итминон дорем, ки дастрасӣ ба маблағгузорӣ бояд барои ҳама баробар бошад. Дастгирии лоиҳаҳои занона саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди кишвар аст", - қайд карданд намояндагони Эсхата Бонк.

* Санаи навсозии саҳифа 22.09.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»