Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эсхата Бонк Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии захираи иттилоотии «Эсхата Бизнес»-ро соҳиб гардид

1 июня 2026
ҶСК «Бонки Эсхата» Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии захираи иттилоотиро, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дарёфт намуд.

Шаҳодатномаи мазкур тасдиқ менамояд, ки низоми хизматрасонии фосилавии бонкии «Эсхата Бизнес» расман ҳамчун захираи иттилоотӣ ба қайд гирифта шуда, ба Бонки Эсхата тааллуқ дорад. Ҳамзамон, ин ҳуҷҷат эътирофи низоми мазкурро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳамчун низоми технологияҳои иттилоотӣ тасдиқ менамояд.

«Эсхата Бизнес» хизматрасонии муосири рақамии Бонк буда, барои хизматрасонии фосилавӣ ба мизоҷони корпоративӣ ва соҳибкорон пешбинӣ шудааст. Низоми мазкур ба истифодабарандагон имконият медиҳад, ки амалиёти бонкиро ба таври бехатар ва фаврӣ дар реҷаи онлайн идора намоянд, ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва бо Бонк ҳамкории самаранок ба роҳ монанд.

Дарёфти шаҳодатнома барои рушди минбаъдаи инфрасохтори рақамии Бонк, инчунин таҳкими ҳифзи ҳуқуқии қарорҳои технологӣ ва коркардҳои зеҳнӣ аҳамияти муҳим дорад. Мавҷудияти бақайдгирии давлатӣ ба густариши имкониятҳои ҳамгироӣ бо низомҳои давлатии иттилоотӣ, платформаҳои рақамӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва дигар ҳалли технологӣ мусоидат менамояд.

Бонки Эсхата ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва такмили хизматрасониҳои фосилавии бонкиро фаъолона идома дода, ба амният, қулайи ва сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон диққати махсус медиҳад.

* Санаи навсозии саҳифа 01.06.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»