ЭСХАТА БОНК Фаррух Ҳасановро АМБАССАДОРИ 2025 интихоб намуд
"Эсхата Бонк" стратегияи пешбурди бренд ва мавқеъгирии худро барои соли 2025 эълон кард. Овозхони маъруфи тоҷик Фаррух Ҳасанов чеҳраи ин ташкилоти молиявӣ гардид.
Фаррух Ҳасанов намояндаи дурахшони насли нав аст. Ғолиби мавсими панҷуми шоу-барномаи вокалии русии “ Ну-ка, все вместе!”, финалисти озмуни байналмилалии “Central Asia’s Got Talent”.
Тибқи стратегияи бонк, самтҳои асосии рушди он дар соли 2025 рақамикунонӣ, трансформатсия ва рушди инфрасохтори пардохтии он, баланд бардоштани фарогирии молиявӣ барои шаҳрвандон ва соҳибкорон, такмил додани системаҳои дохилӣ ва хидматрасонӣ мебошанд.
Арзишҳои умумӣ ва ҳадафҳои бузург
Раҳбарияти бонк таъкид кард, ки интихоби Фаррух тасодуфӣ набуд:
«Вай боэътимод ва машҳур аст. Мисли мо, ӯ мекӯшад, ки беҳтарин тафсири худ шавад. Ӯро мешиносанду эҳтиром мекунанд, насли наврас вайро ҳамчун роҳбари замонавӣ, пурғайрат ва ҷиддӣ мебинад. Ҳамаи ин сифатҳо ба стратегияи маркетинги мо комилан мувофиқанд. Мо итминон дорем, ки бо афроде чун Фаррух Ҳасанов ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил шуда метавонем”.
Худи овозхон изҳор дошт, ки пешниҳоди бонкро бо хушнудӣ пазируфтааст:
«Ман шодам, ки як қисми чунин лоиҳаи муҳим ва бузург гардидам. Медонам, барои рушди бонк чӣ қадар заҳматҳо сарф шудааст ва ман дурнамои онро қадру эҳтиром мекунам. Хушбахтам, ки ҷузъи ин сафар мегардам!»
Ба ифтихори оғози ҳамкорӣ бонк ба Фаррух Ҳасанов корти премиалии Visa Platinum тақдим кард. Ин корт имтиёзҳои истисноиро пешниҳод мекунад:
- бонус ва тахфифҳои махсус дар саросари ҷаҳон;
- имтиёзҳо ҳангоми сафар, аз ҷумла дастрасӣ ба бизнес- толорҳои фурудгоҳ;
- баланд бардоштани сатҳи ҳифз ҳангоми харид ва муомилот.
Ҳамин тавр, Эсхата Бонк на танҳо ҷорӣ намудани навоварӣ, балки муттаҳид сохтани одамоне, ки барои рушд ва имкониятҳои нав талош мекунанд, идома медиҳад.