Муҳим
Эсхата Бонк дар бораи тағйироти муваққатӣ дар кори филиали ш.Турсунзода хабар медиҳад
9 октября 2025
ҶСК «Бонки Эсхата» ба маълумоти мизоҷони гиромӣ мерасонад, ки вобаста ба ташрифи меҳмонони олиқадр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор гардидани чорабиниҳои сиёсӣ, фаъолияти филиали Бонк дар шаҳри Турсунзода ва марказҳои хизматрасонии вобаста ба он дар рӯзҳои 10–11 октябри соли ҷорӣ муваққатан боздошта мешавад .
Пас аз анҷоми чорабиниҳо, фаъолияти филиал ва марказҳо дар реҷаи муқаррарӣ идома меёбад.
Барои дастгириатон сипосгузорем.
Пас аз анҷоми чорабиниҳо, фаъолияти филиал ва марказҳо дар реҷаи муқаррарӣ идома меёбад.
Барои дастгириатон сипосгузорем.