Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Ипотека

Эсхата Бонк дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон меъёри фоизи ипотекаро то 16% коҳиш дод

1 сентября 2026
Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эсхата Бонк меъёри фоизи ипотекаро аз 22% то 16% солона коҳиш дод.

Мизоҷон метавонанд қарзи ипотекаро ба маблағи то 500 000 сомонӣ ба мӯҳлати то 120 моҳ (10 сол) ба расмият дароранд. Пардохти аввалия - аз 30%-и арзиши манзили харидорӣшаванда. Шартҳои асосии маҳсулоти ипотекӣ бетағйир боқӣ мемонанд.

16% солона — пешниҳоди махсуси Эсхата Бонк ба муносибати 35-солагии истиқлолият, ки имкони соҳиби манзили худ шуданро дастрас‌тар мегардонад.

Ипотекаи Эсхата Бонк: шартҳои асосӣ

Коҳиши меъёри фоиз ба мизоҷон имкон медиҳад, ки аз қарздиҳии ипотекӣ бо шартҳои мусоидтар истифода бурда, хароҷоти хариди манзилро бо итминони бештари молиявӣ ба нақша гиранд.

Шартҳои ипотека:
- 16% солона;
- то 500 000 сомонӣ - маблағи қарз;
- то 120 моҳ (10 сол) - мӯҳлати қарздиҳӣ;
- аз 30% - пардохти аввалия;
- шумораи ҳадди ақали ҳуҷҷатҳо;
- имкони истифодаи манзили харидоришаванда ба сифати гарав.

Ҳамин тавр, Эсхата Бонк ипотекаро ба мӯҳлати то 10 сол бо маблағгузории то 500 000 сомонӣ пешниҳод намуда, шартҳои асосии маҳсулотро нигоҳ медорад ва меъёри фоизиро аз 22% то 16% солона коҳиш медиҳад.

35 соли истиқлолият — имкони амали бештар баҳри оилаҳо

35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи муҳим барои тамоми мамлакат мебошад. Барои Эсхата Бонк, ин инчунин як имкониятест, ки дастгирии худро ба рушди кишвар тавассути қарорҳои мушаххасе, ки барои муштариен арзиши амалӣ доранд, баен кунад.

Манзили шахсии шумо танҳо амволи ғайриманқул нест. Ин ҷоест, ки кӯдакон ба воя мерасанд, наздикон ҷамъ меоянд, анъанаҳои оилавӣ эҷод мешаванд ва нақшаҳои оянда сохта мешаванд. Аз ин рӯ, ипотекаи дастрас барои оилаҳое, ки мехоҳанд шароити манзилии худро беҳтар кунанд ё соҳиби хонаи худ шаванд, воситаи муҳим мебошад.

Паст кардани меъёр то 16% - қадами мушаххаси Эсхата Бонк мебошад, ки барои дастрас кардани роҳ ба манзили худ барои оилаҳои бештар кӯмак мекунад.

Қарори мазкур ба афзалиятҳои рушди бахши молиявӣ ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар мувофиқат мекунад.

16% солона — имкониятҳои нав барои соҳибхона шудан

«Мо дарк мекунем, ки барои ҳар як оила масъалаи соҳиби манзили худ будан то хеле муҳим аст. Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо мехоҳем дар баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ саҳми худро гузорем. паст кардани меъёри фоизи ипотека то 16% - як қадами мушаххасест, ки имкон медиҳад маблағгузории манзил барои мизоҷони мо дастрастар гардад», — гуфт Роҳбари маркази маркетинги маҳсулотии ҶСК «Бонки Эсхата» Шаҳнозахон Атаҷонова.

Барои Эсхата Бонк таҳияи қарорҳои дастраси молиявӣ як қисми муносибати дарозмуддат бо мизоҷон мебошад. Бонк такмили маҳсулотро идома дода, имкониятҳои дастрас кардани хидматҳои бонкиро дастрастар, қулайтар ва ба ниезҳои воқеии одамон наздиктар мекунад.

Ипотека — сармоягузорӣ ба ояндаи оила ва кишвар

Дастрастар шудани қарздиҳии ипотекӣ барои оилаҳое, ки нақша доранд манзил ё хона харидорӣ кунанд, шароити манзилии худро беҳтар намоянд ё қадами аввалро ба сӯи соҳиби амволи худ шудан гузоранд, имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.

Ҳамзамон, рушди бозори ипотека ба рушди соҳаи сохтмон, бозори амволи ғайриманқул ва соҳаҳои ба онҳо алоқаманди иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Барои Эсхата Бонк муҳим аст, ки қарорҳои молиявӣ ба мизоҷон фоидаи амалӣ расонанд ва ҳамзамон ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳм гузоранд.

Ба сӯи хонаи худ қадами аввал гузоред  

Имрӯз ипотекаи Эсхата Бонк имконияти ба даст овардани то 500 000 сомонӣ ба мӯҳлати то 10 сол бо меъёри 16% солона ва пардохти аввалия аз 30% мебошад.

Бо шартҳои муфассали қарздиҳии ипотека аз Эсхата Бонк шинос шавед ва қадами аввалро ба сӯи хонаи худ имрӯз гузоред.

Маълумоти бештар оиди ипотека https://eskh.me/hona-s

Эсхата - бонк барои наздикон

* Санаи навсозии саҳифа 01.09.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»