Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эсхата Бонк бори дигар мақоми пешсафиро тасдиқ намуд!

15 мая 2025
Тибқи натиҷаҳои соли 2024, Эсхата Бонк бори ёздаҳум дар номинатсияи "Бонк - эмитенти фаъолтарин дар Тоҷикистон" ҷоизаи бонуфузро сазовор гардид.

Ҷоиза аз Ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи барномаи мусоидат ба маблағгузории савдо (TFP) пешниҳод  шудааст.

Маросими ҷоизасупорӣ 13 май дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритониёи Кабир баргузор шуд. Раиси Раёсати ҶСК "Бонки Эсхата" Акмалҷон Сайфидинов аз ҷониби роҳбарияти бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо ҳайкалчаи хотиравӣ мушарраф гардонида шуд.

Эътирофи мазкур - натиҷаи кори муташаккил ва фаъолияти касбии тамоми дастаи Эсхата Бонк мебошад. Баҳои баланди БАТР далели субот, рушди устувор ва мавқеи пешсафи Эсхата Бонк дар байни институтҳои молиявии Тоҷикистон мебошад.

Мо аз эътирофи байналмилалии кӯшишҳои хеш ифтихор дорем ва минбаъд них дилпурона ба пеш рафта, эътимоди мизоҷон ва  шарикони худро мустаҳкам менамоем.  

* Санаи навсозии саҳифа 16.05.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»