Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эсхата Бонк барои густариши шарикӣ дар самти маблағгузории КХМ ба ҷоизаи БАТР сазовор гардид

12 октября 2026
ҶСК "Бонки Эсхата" ҷоизаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд -  Best RSF Partnership Scaling of The Year (беҳтарин шарикӣ дар самти густариши RSF дар соли 2026) - ро дарёфт намуд.

Ҷоиза дар конфронси минтақавии БАТР "КХМ чемпионҳо: баланд бардоштани устувории КХМ дар даврони хатарҳои ба ҳам алоқаманд, ки 8 октябри соли 2026 дар Тошканд баргузор шуд, супурда шуд.
Ҷоизаи мазкур эътирофи афзоиши 82-фоизаи лимити воситаи "Чаҳорчӯбаи тақсими хавф" (RSF)-и БАТР мебошад, ки онро то 15 миллион доллари ИМА расонид. Қарор дар бораи зиёд кардани лимит аз рӯи натиҷаҳои истифодаи фаъоли восита аз ҷониби бонк ва рушди устувори портфели қарзии он қабул гардид.

Механизми RSF ба бонк ва БАТР имкон медиҳад, ки ҳангоми маблағгузории корхонаҳо хавфҳои қарзиро якҷоя ба зимма гиранд. Афзоиши лимит маънои онро дорад, ки шумораи бештари ширкатҳои тоҷикистонӣ метавонанд барои рушди тиҷорат ба маблағгузорӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

Эсхата Бонк инчунин дар барномаи пурмӯҳтавои конфронс иштирок намуд: Абдуҷабор Ғафуров, роҳбари шӯъбаи андеррайтинги бонк, дар муҳокимаи панелии "Принсипҳои идоракунии хавфҳо дар раванди санҷиши ҳамаҷониба ва мониторинг" ширкат варзид.

Конфронс тақрибан 150 иштирокчӣ, аз ҷумла тақрибан 80 намояндаи тиҷорати хурд ва миёна ва 40 намояндаи 15 муассисаи молиявии шарикро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон муттаҳид намуд. Барномаи чорабинӣ ба масъалаи хатарҳои молиявӣ, иқлимӣ ва рақамӣ, устувории КХМ ва рушди минтақавии тиҷорат бахшида шуда буд.

ҶСК "Бонки Эсхата" ва БАТР зиёда аз 20 сол ҳамкорӣ мекунанд. Аз соли 2005 БАТР яке аз саҳмдорони бонк мебошад. Шарикӣ  - маблағгузории тиҷорати хурду миёна, барномаҳои маблағгузории тиҷоратӣ ва дастгирии соҳибкории занонро дар бар мегирад.

Дар акс: Теа Кохреидзе, Директори ассотсиатсионӣ, роҳбари самти маҳсулоти тақсими хатарҳо ва маблағгузорӣ бо асъори миллӣ, БАТР ва Фуркат Хасанов, Сардори департаменти фурӯшҳои корпоративӣ, ҶСК «Бонки Эсхата»

* Санаи навсозии саҳифа 12.10.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»