Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Дастовард

Эсхата Бонк барандаи ҷоизаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид

12 декабря 2025
Эсхата Бонк барандаи ҷоизаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) шуд

Мо бо ифтихор хабар медиҳем, ки Эсхата Бонк дар доираи барномаи байналмилалии "Women in Business" - ташаббусе, ки ба дастгирӣ ва рушди занони соҳибкор дар Осиёи Марказӣ равона шудааст, бо ҷоизаи баланд қадрдонӣ гардид. Маросими тантанавӣ рӯзи 10 декабр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Конфронс донорон, шарикон ва занони роҳбарро муттаҳид намуд, то ин дастовардро ҷашн гирифта, инчунин муҳокима кунанд, ки чӣ гуна маблағгузории инклюзивӣ монеаҳои рушдро кам мекунад, чӣ гуна ҳамгироии дониш ва дастгирии молиявӣ ба таҳкими фаъолияти занони соҳибкор мусоидат менамояд ва ҳамкории бонкҳо, танзимгарон ва шарикони экосистема чӣ гуна муҳити соҳибкории минтақаро тағйир медиҳад.

БАТР Эсхата Бонкро барои ҷалби фаъолонаи занон ба соҳибкорӣ, рушди устувори портфели мизоҷ-занон, фаъолияти самаранок бо соҳибкорзанон ва фароҳам овардани муҳити дастрасу мусоид барои рушди тиҷорати онҳо қадрдонӣ намуд.

Ҷоизаи мазкур - эътирофи муҳим аст ва нишон медиҳад, равиши мо воқеан натиҷабахш аст ва ба кушода шудани потенсиали занон дар соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

«Мо ин мукофотро самимона қадр мекунем. Он моро водор месозад, ки дастгирии худро ба занон - чӣ дар соҳибкорӣ ва ҳам дар дохили коллеткиви мо минбаъд инкишоф диҳем. Дар оянда низ мо барои рушди занони соҳибкор ва фароҳам овардани шартҳои мусоид барои онҳо мекӯшем, то онҳо ба нерӯи ҳаракатдиҳандаи инноватсия ва рушди устувор табдил ёбанд», - таъкид намуд Акмалҷон Сайфидинов, Раиси Раёсати Эсхата Бонк.  

Эсхата Бонк минбаъд низ барномаҳо ва ташаббусҳоро густариш хоҳад дод, ки ба занон имконият медиҳанд, то рушд кунанд, пеш раванд ва бо эътимод ояндаи худро созанд.

* Санаи навсозии саҳифа 15.12.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»