Трансформатсия
Эсхата Бонк ба ISO 20022 - стандарти байналмилалии рақамии паёмнависии молиявӣ гузашт!
27 ноября 2025
Эсхата Бонк гузариш ба формати глобалии ISO 20022-ро бо омода кардани ҳамаи хидматҳои байналмилалии пардохт, низомҳои дохилӣ ва каналҳои ҳамкорӣ пешакӣ ба анҷом расонид.
Навсозии технологӣ барои мизоҷон бефосила буд - ҳамаи амалиётҳо боэътимод ва бидуни таваққуф анҷом дода шуданд.
22 ноябри соли 2025 SWIFT расман гузариши глобалиро ба ISO 20022 анҷом дод, ки яке аз бузургтарин тағйирот дар экосистемаи ҷаҳонии пардохтҳо дар солҳои охир мебошад. Формати нав амният ва шаффофияти муомилоти фаромарзиро беҳтар мекунад.
Мизоҷони мо, чун пештара, метавонанд, пардохтҳои фаромарзиро бо ҳама намуди асъор ва ба ҳар кишвар - зуд, бехатар ва бе маҳдудият фиристанд.
Гузариш ба ISO 20022 - қадами навбатӣ дар рушди инфрасохтори рақамии бонк аст.
Стандартҳои нав ҳисобҳои байналмилалиро суръат мебахшанд, амният ва шаффофиятро беҳтар мекунанд, имкониятҳои навро барои такмили хизмат мекушоянд.
Эсхата Бонк - технологияи мо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, пардохтҳои фаромарзӣ боз ҳам қулайтар, тезтар ва боэътимодтар шуданд!