Муҳим
Эсхата Бонк - аввалин бонки Тоҷикистон, ки аз Бонки Осиёии Рушд маблағгузории мустақимро бо асъори миллӣ сазовор гардид
19 декабря 2025
ҶСК "Бонки Эсхата" ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) созишномаи қарздиҳии мустақимро ба имзо расониданд, ки барои рушди тиҷорати хурду миёна, инчунин ҷорӣ намудани қарорҳои экологӣ ва устувор дар Тоҷикистон дурнамои нав фароҳам меорад. Ин аввалин маблағгузории мустақими БОР дар таърихи кишвар аст, ки ба бонки тиҷоратии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки сатҳи баланди эътимоди созмони байналмилалиро ба Эсхата Бонк инъикос мекунад ва роҳбарии Бонкро дар бозори молиявӣ тасдиқ мекунад.
Дар доираи созишнома, БОР ба Эсхата Бонк қарзро дар асъори миллӣ баробар ба 10 миллион доллари ИМА пешкаш мекунад. Маблағ ба тавсеаи дастрасии соҳибкорон ба маблағгузории лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, каммасраф ва устувор - ташаббусҳое, ки ба коҳиш додани таъсир ба муҳити зист ва таҳкими иқтисоди "сабз" - и кишвар мусоидат мекунанд, равона карда мешавад.
Аҳамияти ин чорабиниро Акмалҷон Сайфидинов, Раиси Раёсати Эсхата Бонк таъкид кард:
"Барои мо ифтихори бузург аст, ки аввалин муассисаи молиявии Тоҷикистон гардидем, ки маблағгузории мустақимро аз Бонки осиёии рушд (БОР) дарёфт намудаем. Ин созишнома имкониятҳои навро барои рушди соҳибкории хурду миёна ва пешбурди маблағгузории «сабз» фароҳам оварда, мавқеи Эсхата Бонкро ҳамчун пешсафи қарорҳои инноватсионии молиявӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд”.
Роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар шаҳри Душанбе Ко Сакамото қайд намуд:
«Мо хушҳолем, ки марҳилаи нави ҳамкории стратегии худро бо Эсхата Бонк оғоз мекунем. Маблағгузории мустақим дастрасии соҳибкоронро ба захираҳои зарурии молиявӣ васеъ намуда, ба рушди ташаббусҳои “сабз” дар Тоҷикистон такони муҳим мебахшад».
Эсхата Бонк накши худро дар пешбурди рушди устувор ва тасмимхои молиявии муосир бо дастгирӣ намудани сохибкорони тамоми кишвар ва мусоидат намудан дар татбики лоихахое, ки арзишмандии иктисодиро эчод мекунанд ва масьулияти экологиро афзун мегардонанд, идома медихад ва онро таквият мебахшад