Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Пешниҳоди махсус

Эсхата барои занони соҳибкори Тоҷикистон пешиҳоди махсусро роҳандозӣ намуд

22 мая 2026
Соҳибкории занон дар Тоҷикистон босуръат вусъат меёбад.

Имрӯз занон на танҳо дар хонадон файзу баракат меоранд, балки ширкатҳоро низ бомуваффақият роҳбарӣ мекунанд, корхонаҳо мекушоянд, соҳаи хизматрасониро рушд медиҳанд ва дар иқтисодиёти кишвар саҳми бузург мегузоранд.
Эсхата Бонк аҳамияти ин тамоюлро дарк намуда, бо мақсади дастгирии занони серғайрат, оиди роҳандозии маҳсулоти молиявии воқеан ҳам беҳамто эълон менамояд.

Ин як пешниҳоди истисноӣ дар бозори кишвар аст, ки махсус барои заноне омода шудааст, ки дар соҳибкорӣ қадамҳои устувори худро мегузоранд ё мехоҳанд тиҷорати мавҷудаи худро васеъ намоянд.

То 100 000 сомонӣ барои рушди тиҷорат
Мақсади асосии ташаббуси нав - дастрас ва судманд гардонидани маблағгузорӣ мебошад. Эсхата қарзро дар ҳаҷми то 100 000 сомонӣ ба мӯҳлати 12 моҳ бо шартҳои махсус, имтиёзнок ва чандир, аз ҷумла вобаста ба таъминоти гарав, пешниҳод менамояд.

Меъёри фоизҳо ҳам мизоҷони доимӣ ва ҳам мизоҷони нави бонро хушнуд хоҳад кард:

- 15% солона — барои заноне, ки қаблан бо Эсхата ҳамкорӣ доштанд ва қарор доданд, ки дубора муроҷиат кунанд.

- 18% солона — барои он заноне, ки нав қарор доданд, ки мизоҷи Эсхата шаванд ва тиҷорати худро ба мо бовар кунанд.

Чаро ин муҳим аст? Имрӯз чунин фоизҳо дар бозори молиявии Тоҷикистон, махсусан дар бахши дастгирии тиҷорати хурд, миёна ва микро, яке аз ҷолибтарин ва чандиртарин ба шумор мераванд.

Барои онҳое, ки ғолибиятро дӯст медоранд
Пешниҳоди нави Эсхата барои осонтар ва дастрас кардани ин раванд омода шудааст. Новобаста аз он ки шумо мехоҳед як сехи қаннодии хурд кушоед, коргоҳи дӯзандагиро васеъ кунед, маркази таълимӣ таъсис диҳед ё хоҷагии деҳқониро рушд диҳед - Эсхата омода аст шарики боэътимоди молиявии шумо гардад.

«Мо дида истодаем, ки занони соҳибкори кишварамон дорои нерӯ, истеъдод ва потенсиаланд. Вазифаи мо - додани як такони пуриқтидори молиявӣ ба онҳо мебошад. Мо боварӣ дорем, ки фоизҳои пастшуда ва шартҳои соддакардашуда ба садҳо занони Тоҷикистон кӯмак мекунанд, ки дар соҳибкорӣ худро бо боварӣ муаррифӣ намоянд», - қайд кард менеҷер оид ба рушди соҳибкории занон Муборакхон Аҳророва.

Чӣ тавр аз ин пешниҳод истифода бурдан мумкин аст?
Дархостро оиди карз бо шартҳои судманд метавон дар муддати кӯтоҳтарин ба расмият даровард. Барои ин лозим аст, ки ба наздиктарин филиали бонк муроҷиат намоед, ки дар он ҷо мутахассисони ботаҷриба барои интихоби варианти муносиб кӯмак мерасонанд ва ба ҳамаи саволҳо посух медиҳанд.

Муваффақияти худро ба фардо нагузоред - тиҷорати худро созед ва онро худи имрӯз ҳамроҳи мо ва беш аз 15 000 занони кишвар, ки аллакай ояндаи худро бо мо бунёд мекунанд, рушд диҳед!

Эсхата - бонк барои наздикон

* Санаи навсозии саҳифа 22.05.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»