Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Маҳсулоти нав

Эсхата аввалин хазинаи рақамии кӯдаконаро дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад

25 июня 2026
Оё фарзанди шумо орзу дорад, ки дучархаи нав, смартфон, ролик ё туҳфаи дӯстдоштаашро дошта бошад?
Чӣ мешуд агар ӯро омӯзонем, ки ба ин ҳадафҳо мустақилона бирасад?

Дар «Эсхата Junior» имконияти нав - Хазинаи рақамӣ пайдо шуд!

Акнун кӯдак метавонад:
• ҳадафи худро гузорад;
• маблағи дилхоҳро барои ҷамънамоӣ муқаррар намояд;
• раванди ҷамъоварии маблағро назорат карда, бубинад, ки орзуяш чӣ гуна ба ӯ наздиктар мешавад;
• банақшагирии хароҷот ва муносибати дуруст бо маблағро омӯзад.

Роҳат барои волидон
• Пулҳои киссагиро мустақиман ба ҳамёни кӯдак интиқол диҳед;
• Ба фарзандатон дар ташаккули одатҳои муфиди молиявӣ кӯмак намоед;
• Аз хурдсолӣ ҳисси масъулият ва мустақилиятро тарбия кунед.
Фарзандони шумо масъулиятро меомӯзанд, шумо бошед соҳиби воситаи қулай барои тарбияи молиявии онҳоро мегардед.

 Ҳар рӯз зиёда аз 50 истифодабарандаи нав
Таваҷҷуҳ ба хизматрасониҳои молиявии кӯдакона дар кишвар пайваста меафзояд.
Ҳамарӯза ба барномаи «Эсхата Junior» ба ҳисоби миёна тақрибан 50 истифодабарандаи хурдсоли нав ҳамроҳ мешаванд. Волидон ҳарчи бештар қарорҳои муосири рақамиро интихоб карда истодаанд, ки ба кӯдакон дар рушди одатҳои дурусти молиявӣ аз синни хурдӣ мусоидат намоянд.

Аввалин хизматрасонии чунин навъ дар Тоҷикистон
Айни замон «Эсхата Junior» аввалин барномаи молиявии кӯдакона дар Тоҷикистон мебошад, ки хазинаи рақамиро бо имконияти муайян намудани ҳадаф ва назорати раванди ҷамъоварии маблағ пешниҳод кардааст.

«Мо итминон дорем, ки саводнокии молиявӣ бояд аз кӯдакӣ ташаккул ёбад. Хазинаи рақамӣ ба кӯдак кӯмак мекунад, ки арзиши пулро дарк намояд, гузоштани ҳадафҳоро омӯзад ва бо кӯшиши худ ба онҳо ноил гардад. Ин на танҳо як хизматрасонии нав аст, балки унсури муҳими тарбияи молиявии насли нав мебошад», - қайд намуд Абдураҳмон Шокиров, продакт-оунери ҳамёни кӯдаконаи «Эсхата Junior».

Имрӯз оғоз кунед
Аллакай имрӯз барои фарзанди худ «Эсхата Junior»-ро кушоед.
Ба ӯ на танҳо ҳамёни рақамӣ, балки маҳорате ҳадя намоед, ки тамоми умр ҳамроҳаш хоҳад монд.
Бигзор фарзанди шумо аввалин хазинаи худро кушояд, аввалин ҳадафи молиявии худро муайян намояд ва аввалин қадамро ба сӯи орзуяш гузорад.
Зеро дастовардҳои бузург аз пасандозҳои хурд оғоз мешаванд.

Эсхата Junior — барои орзуҳои худ аз кӯдакӣ маблағ ҷамъ кунед!

https://promo.eskhata.com/jn

* Санаи навсозии саҳифа 25.06.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»