Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила

«Бонки Эсхата» соҳиби ҷоизаи навбатии Бонки Аврупоии Таҷдид и Рушд

4 октября 2024

«Бонки Эсхата» бо муваффақият Барномаи навбатии банақшагирии гузариши Бонки Аврупоии Таҷдид и Рушд (БАТР), ки ба такмили дониш ва малакаи зарурӣ барои тавсеаи фаъолияти он дар соҳаи маблағгузории сабз, ба хусус дар соҳаи идоракунии хавфҳои иқлимӣ ва ба нақшагирии стратегӣ равона шудааст, анҷом дод.

              Имрӯз дар маблағгузории иқтисоди «сабз» ва ноил шудан ба мақсадҳои рушди устувор нақши муҳимро низоми молиявӣ ба дӯш дорад, ки захираҳои молиявиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ ба тартиб медарорад ва дар робита ба ин солҳои охир шумораи институтҳои молиявӣ, ки худро тарафдорони консепсияи рушди устувор ва модели “иқтисоди сабз” меҳисобанд, афзуда истодааст.

Ҷоиза ба Узви Раёсати “Бонки Эсхата” - Умаров У.С. дар шаҳри Анталияи давлати Туркия дар конфронс бо ҳузури ширкатҳои бузурги молиявӣ, бонкҳо, сармоягузорон ва дигар иштирокчиёни бозорҳои молии ҷаҳонӣ, супорида шуд.

Намояндагони бонкҳои тоҷик дар мастер-классҳо ва семинарҳо, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Академияи молияи сабзи БАТР ташкил намудаанд, ташриф оварданд. Барои бонкҳои Тоҷикистон имконоти алоқаи мустақим бо пешвоёни бозор ва экспертони соҳавӣ эълон карда шуд. Барои БАТР ин ҳамчун як фурсат барои мубодилаи биниш ва стратегияи худ бо муассисаҳои молиявӣ ҷиҳати мутобиқат ба Созишномаи Париж буд.

“Бонки Эсхата” пайваста кӯшиш мекунад, ки сифати идоракунии хавфҳои иқлимӣ ва банақшагирии стратегии марбут ба стратегияҳои иқлим ва идоракуниро беҳтар созад.

Ёдовар мешавем, ки чораҳои амалии дастгирии БАТР, аз зиёд намудани иқтидор ва идоракунии корпоративии иқлим то идоракунии хавфҳои иқлимӣ, банақшагирии давраи гузариш ва васеъ намудани маблағгузории амалиётҳои молиявии сабз тағир меёбад.

 

* Санаи навсозии саҳифа 07.10.2024

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»