Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила

Бонки Эсхата бо пирӯзӣ дар пойтахт зодрӯзашро ҷашн гирифт.

Бонки Эсхата бо пирӯзӣ дар пойтахт зодрӯзашро ҷашн гирифт.

Имсол мо 30 сола шудем.

Рӯзи 12 октябр барои сокинони пойтахт дар майдони 800-солагии Маскав чорабинии калон ва идона баргузор гардид.

Он шом меҳмонони ЭсхатаФестро на танҳо мусиқии зинда, озмун ва бозиҳои бурднок, балки лавҳаҳои иттилоотӣ, мол ва маҳсулоти шарикони Бонки Эсхата – ширкатҳои «Chery», «BYD», «Tcell», «Оби Зулол», «Ёвар» ва дигарон ташкил карда шуданд, ки дар он меҳмонон тавонистанд бо навгониҳои соҳаи технологияҳои замонавии мошинсозӣ, шабакаҳои мобилӣ ва Интернет шинос шаванд ва албатта, маҳсулоти ба онҳо маъқули шариконро низ бичашанд.

 

Баромади олиҷаноби ситораҳои эстрада ба маърака авҷи аъло бахшид. Он шом дар саҳнаи ЭсхатаФест гурӯҳи «Авесто», Фаррух Ҳасанов, Мадина Ақназарова, сарояндаи рэп Корлеон, гурӯҳи «The Daze», Сафармуҳаммад, Ҷонибек Муродов ва бонуи беҳамто Шабнами Сурайё бо сурудҳои ҷаззоби худ қалби даҳҳо ҳазорон бошандагон ва меҳмонони пойтахтро афрӯхтанд.

Бонки Эсхата бори дигар сипоси хешро барои дастгирӣ ва боварии Шумо иброз медорад.

Мо умедворем, ки моро ҳамкории минбаъдаи судманд ва дарозмуддат бо шарикон ва мизоҷони худ интизор аст.

Боварӣ дорем, ки мо бо Шумо рушд намуда, ҷашнҳои зиёди дар пеш истодаро кайд мегирем!

Бо эҳтироми самимӣ,

Бонки Эсхата    

* Санаи навсозии саҳифа 16.10.2024

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»