Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила

Бонки Эсхата бо низоми нави интиқоли пулии Астрасенд ҳамкориро оғоз намуд.

12 сентября 2024
Низоми Астрасенд , низоми байналмиллалии пардохт мебошад, ки дар Русия ташкил шудааст ва ба пешниҳоди хизматрасонии босифат, зуд ва дастраси интиқоли пулӣ нигаронида шудааст.
Минбаъд мизоҷони бонк маблағҳои худро дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкии дар наздиқӣ буда тавассути ин низом, гирифта метавонанд.
Бонки Эсхата кушиш мекунад, ки ба мизоҷони худ доираи васеъи хизматрасониҳои интиқоли баналмиллалиро пешниҳод намуда, раванди қабули пулро аз Русия қулай, зуд ва дастрас гардонад. Хизматрасонии интиқолӣ тавассути Astrasend ба Шумо имкон медиҳад, ки:
-Саривақт ва бехатар интиқолатонро аз Русия ба мизоҷони бонк дастрас намоед
-Бе кушодани суратҳисоби бонкӣ маблағро қабул намоед
-Бо комиссияи рақобатпазир ва қурби мубодилаи асъор интиқолро амалӣ намоед
Ҳамкорӣ бо Астрасенд, ба Бонки Эсхата имкон медиҳад, ки доираи хизматрасониро барои мизоҷони худ ба таври назаррас васеъ намуда, мизоҷони навро ҷалб намояд, бахусус аз ҷумлаи онҳое, ки мунтазам аз Русия интиқол мегиранд. Қабул ва интиқоли пули нақд дар Марказҳои Хизматрасонии Бонки Эсхата сурат мегирад, ки барои мизоҷони Бонк роҳати иловагӣ замъ мекунад.
Тавассути "Астрасенд" маблағро қабул намуда иштирокчии аксия "Интиқоли бурднок 2024" гардед ва имконияти бурд кардани яке аз 3 хонаи як ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанберо аз даст надиҳед!

https://astrasend.ru/

* Санаи навсозии саҳифа 16.09.2024

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»