Бонки Эсхата барои мизоҷони худ хизматрасонии Google Pay-ро фаъол намуд!
22 января 2025

Бонки Эсхата барои мизоҷонаш оиди роҳандозии хизматрасонии нави пардохтӣ хабар медиҳад.
Минбаъд дорандагони кортҳои VISA аз Бонки Эсхата метавонанд ҳамаи пардохтҳои худро бо як пахши смартфон амалӣ намоянд.
Бонки Эсхата чун ҳамеша мекӯшад, ба мизоҷони худ усулҳои замонавӣ ва боэътимоди молиявиро пешкаш кунад ва, дар навбати худ роҳандозии Google Pay ин қадами навбатӣ дар самти таъмини мизоҷони мо бо усули бехатари пардохт ва қобилияти идоракунии пардохтҳо мебошад ва ба ин васила зиндагии онҳоро боз ҳам бароҳат мекунад. Бартарияти истифодаи Google Pay барои истифодабарандагон ин амният, суръат ва дастрас будани он аст.
Қобили зикр аст, ки Google Pay ба муштарӣ имконияти пардохти бидуни тамос барои молҳо ва хизматрасониҳоро пешкаш намуда, бо худ доштани корти бонкиро талаб намекунад, амнияти маълумоти молиявии шумо ва ҳифзи маблағҳои шуморо таъмин мекунад.
Айни замон, Google Pay ба таври васеъ дастрас аст ва дар ҳазорҳо мағозаҳо ва онлайн - хизматрасониҳо дар саросари ҷаҳон истифода мегардад.