Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Эсхата Бизнес

Барои соҳибкорони Тоҷикистон: "Эсхата Бизнес" - бонкдории рақамии насли нав

16 июня 2025
Барои соҳибкорони Тоҷикистон: "Эсхата Бизнес" - бонкдории рақамии насли нав

Дар давраи рақамикунонии босуръат, соҳибкорон ба идораи зуд ва боэътимоди молиявӣ ниёз доранд. Имрӯз, тиҷорат қарорҳоеро талаб мекунад, ки зуд, қулай ва бидуни бюрократияи нолозим кор мекунанд. Маҳз "Эсхата Бизнес" - платформаи инноватсионии рақамии Эсхата Бонк ҳамчун қароре буд, ки бо назардошти ниёзҳои воқеии тиҷорати хурд, миена ва калон дар Тоҷикистон омода шудааст.
Кушодани ҳисоб дар чанд қадам
Агар шумо ташкилоти худро кушода ва ё фаъолияти соҳибкориро ба қайд гирифта бошед ва дар ҷустуҷӯи бонки боэътимод барои кушодани суратҳисоб қарор доред - Эсхата Бонк роҳи осон ва қулайро пешниҳод мекунад. Бо низоми навкардашуда, шуморо лозим аст, дар сомонаи расмии бонк дархости онлайн гузоред ва тугмаи «Мизоҷ шудан»-ро пахш намоед, РМА (ИНН) ва рақами телефони худро ворид кунед ва, интизори тамоси мутахассис бошед.
Муҳим он аст, ки шумо метавонед, тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро ба таври электронӣ ирсол кунед — бидуни ташриф ба идораи бонк. Ин афзалият вақти шуморо сарфа мекунад ва ба шумо имкон медиҳад, ки фавран ба кори худ оғоз намоед. Бо кушодани ҳисоб, шумо инчунин интернет-банкинги «Эсхата Бизнес» дастрасӣ пайдо намуда, метавонед аз рӯзи аввал амалиётҳои молиявиро ба таври дурдаст идора кунед.
«Мо кӯшиш дорем, ки хидматҳои бонкиро то ҳадди аксар дастрас ва қулай созем. Дархости онлайн барои кушодани ҳисоб — қадами аввал дар роҳи осонкунии ҳамкорӣ бо тиҷорат мебошад», — қайд намуданд дар бонк.
Эътимоде, ки бо рақамҳо тасдиқ шудааст
Хидмати «Эсхата Бизнес» рушди устуворро нишон медиҳад:
• Шумораи истифодабарандагони фаъол дар як сол 27% афзудааст: аз 2190 дар соли 2024 то 2660 дар соли 2025
• Ҳиссаи амалиётҳое, ки тавассути платформа анҷом дода мешаванд, то моҳи майи соли 2025 ба 90% расидааст

Дастгирӣ ва омӯзиш барои ҳар як мизоҷ
Эсхата Бонк мизоҷонро дар ҳама марҳилаҳо дастгирӣ мекунад:
• Кӯмак ҳангоми пайвастшавӣ ба платформа
• Дарсҳои видео ва маводи омӯзишии муфассал
• Дастгирии техникии шабонарӯзӣ
Чаро «Эсхата Бизнес»-ро интихоб мекунанд?
Чунки босуръат, қулай ва боэътимод.
Ин як ҳалли рақамӣ барои онҳоест, ки вақти худро қадр мекунанд, самаранокӣ меҷӯянд ва барои созиш омода нестанд. Дар шароити иқтисодиёти рушдкунанда "Эсхата Бизнес" шарики боэътимод барои ҳама шаклҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гардидааст.
________________________________________
Новобаста аз он, ки дар куҷо қарор доред ба «Эсхата Бизнес» пайваст шавед ва ширкати худро бо боварии комил идора намоед !
Маълумоти бештар: https://eskhata.com/eskhata-business/

* Санаи навсозии саҳифа 16.06.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»