Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
ESG

Аз идея то тиҷорат: Эсхата ба занон дар ошкор кардани потенсиали худ кӯмак мекунад

11 августа 2026
Эътимод, дониш ва дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ пояи тиҷорати устуворро ташкил медиҳанд.
Эсхата Бонк барои заноне, ки мехоҳанд тиҷорати худро рушд диҳанд ва идеяҳои худро амалӣ созанд, имкониятҳо фароҳам меорад.

Дар доираи стратегияи ESG ва ташаббуси «Занон дар тиҷорат», Эсхата Бонк дар филиалҳои худ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинарҳои ангезабахши «Потенсиали худро кушоед»-ро баргузор намуд.

Дар вохӯриҳо иштирокчиён дар бораи потенсиали худ, эътимод ба худ ва монеаҳои психологӣ, ки метавонанд ба рушди тиҷорат халал расонанд, сӯҳбат карданд. Якҷоя - чӣ гуна маҳдудиятҳои дохилиро бартараф кардан, ҳадафҳо гузоштан, қарор қабул кардан ва ошкор кардани сифатҳои роҳбарии худро, баррасӣ карданд.

Аз назария то амалия
Семинарҳо дар шакли интерактивӣ гузаронида шуданд: вазифаҳои амалӣ, кори дастаҷамъӣ, таҳлили ҳолатҳои воқеӣ ва табодули таҷриба.
Равиши мазкур ба иштирокчиен кӯмак кард, ки донишҳои нав, тавсияҳои амалӣ гиранд ва ба вазифаҳои маъмулии тиҷоратӣ бо роҳҳои нав назар кунанд.

"Дастгирии занон дар тиҷорат - танҳо захираҳои молиявӣ нест. Ин дониш, эътимод ва фаҳмидани он аст, ки ба куҷо рафтан лозим аст. Вазифаи мо фароҳам овардани шароитест, ки ба занон дар татбиқи ғояҳо, рушди тиҷорат ва дарефти имкониятҳои нав барои рушд кӯмак мекунад" – қайд намуд Менеҷери рушди қарздиҳии занон ва соҳибкорони ҷавони Эсхата Бонк Муборакхон Аҳророва.

Иштирокчиён оиди манфиати амалии семинарҳо гуфта гузаштанд ва ба барномаҳои нави таълимӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар охир ҳар яке аз Эсхата Бонк тӯҳфаи хотиравӣ гирифт.

Имкониятҳо бояд дастрас бошанд
Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар минтақаҳо - қисми кори Эсхата Бонк оид ба рушди соҳибкории занон ва маърифати молиявӣ мебошад. Барои бонк, дастгирии тиҷорат - на танҳо маҳсулоти молиявӣ мебошад. Дониш барои дидани имконият, эътимод барои қадами аввал ва воситаҳои молиявӣ барои табдил додани идея ба тиҷорати воқеӣ кӯмак мекунад.

Эсхата Бонк рушди ташаббусҳои таълимӣ ва молиявиро идома дода, ба занон дар ёфтани нуқтаҳои рушд, таҳкими тиҷорат ва табдил додани идеяҳо ба имкониятҳои воқеӣ кӯмак хоҳад кард.

* Санаи навсозии саҳифа 11.08.2026

Филтр
Ҷавоб ба ҷойи холии «Менеҷери маркетинги рақамӣ»