Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Трансформатсия

Аз Excel ба data-хаб: трансформатсияи технологии Эсхата аз дохил чӣ гуна аст

21 июля 2026
Сектори бонкии Тоҷикистон муддати дароз мувофиқи мантиқе рушд мекард, ки ба аксари бонкҳои минтақа шинос аст: равандҳои асосӣ дар атрофи системаи автоматикунонидашудаи бонкӣ (АБС) сохта мешуданд ва ҳама чизе, ки аз доираи он берун мебаромад — таҳлили ҷамъбастӣ, ҳисоботдиҳӣ, ҳисобкуниҳои идоракунӣ — бо дасти таҳлилгарон ва дар Excel ҷамъоварӣ мегардид. Ин муносибат то замоне хуб кор мекард, ки ҳаҷми маълумот ва суръати қабули қарорҳо пешгӯишаванда боқӣ мемонданд.

Аммо бозор бо суръати баландтар тағйир меёбад: шумораи каналҳои рақамӣ меафзояд, мизоҷон пешниҳодҳои фардикунонидашударо интизоранд ва талаботи танзимкунанда муфассалтар мегарданд. Дар ин шароит коркарди дастии маълумот аз як нороҳатӣ ба хатар табдил меёбад — нархи хатогӣ боло меравад ва суръати муносибати бонк ба тағйирот аз суръати худи бозор ақиб мемонад.

Эсхата Бонк яке аз аввалинҳо дар кишвар буд, ки ба ин даъват ба таври системавӣ ҷавоб дод ва Хазинаи корпоративии маълумотро (ХКМ) сохт, ки системаи ягонаеро, ки маълумоти АБС, CRM, ядрои просессингӣ ва барномаи мобилиро ба як дата-хаб муттаҳид месозад. Ба низом аллакай беш аз 100 истифодабаранда пайваст шудаанд ва навбати интегратсияи сарчашмаҳои навро худи воҳидҳои тиҷоратӣ ташкил медиҳанд.

«Суръати коркарди маълумот дар бонки муосир аз дақиқии рақамҳо камтар аҳамият надорад».

 — Юлия Валентини, роҳбари департаменти молия ва аъзои Раёсати Эсхата Бонк

Ба гуфтаи Юлия Валентини, сохтани хазинаи маълумот имкон дод, ки суръати равандҳои дохилӣ бо талаботи бозори динамикӣ ҳамқадам карда шавад.

ҲИСOБОТДИҲӢ БЕ САРБОРӢ БА АБС

 Яке аз аввалин самараҳои амалӣ — ҳисоботдиҳӣ барои танзимкунанда мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти боз ҳам муфассалтарро дархост мекунад ва худи ҳисоботҳо дар асоси ҳаҷми бузурги ахбор сохта мешаванд. ХКМ барои ин вазифа воситаи беҳтарин гардид: ташаккули ҳисобот АБС-ро сарбор намекунад, балки дар контури алоҳида ва махсус ҷудошуда сурат мегирад.

ТЕХНОЛОГИЯ

Дар асоси тарроҳии нав — Arenadata DB, системаи MPP ҷойгир аст, ки барои таҳлили дорои маҳсулнокии баланд пешбинӣ шудааст. Боркунӣ ва верификатсияи маълумотро платформаи DMP «Идоракунии хазина» аз Deco Systems таъмин мекунад ва қабати визуализатсия дар платформаи open-source-и Apache Superset сохта шудааст — он ба истифодабарандагони тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки мустақилона бо маълумот кор кунанд бе муроҷиат ба бахши ТИ.

Ба гуфтаи роҳбари лоиҳа Ашуров Усмонҷон, роҳандозии ХКМ — ин сармоягузории муҳим ба рақобатпазирии дарозмуддати бонк аст.

«Якҷоя бо вендор мо дата-офиси худро ташаккул додем ва имрӯз ҳамаи компетенсияҳо пурра ба дастаи дохилӣ супорида шудаанд. Дар оянда таҳлили пешгӯикунандаро рушд медиҳем, моделҳои омӯзиши мошиниро барои вазифаҳои пешгӯикунӣ ҷорӣ мекунем ва абзорҳои self-service-и визуализатсияи маълумотро васеъ менамоем».

— Ашуров Усмонҷон, роҳбари лоиҳа дар Эсхата Бонк 

Зери идораи ӯ дастаи байнисоҳавӣ вазифаҳои марбут ба инфрасохтор, назорати сифати маълумот ва роҳандозии платформаи ба хатогиҳо устуворро якҷоя бо вендори Deco Systems ҳал намуд.

ИМКОНИЯТҲОИ НАВ АЗ МАЪЛУМОТ

Маълумоти консолидатсияшуда аз ХКМ ба бонк имкониятҳоеро мекушояд, ки қаблан вуҷуд надоштанд. Охири моҳи июн Эсхата Бонк ҳамчун баромадкунанда ба Форуми авруосиёии идоракунии молиявӣ дар Алмато даъват шуд, ки беш аз 150 роҳбари ташкилотҳои молиявиро аз Осиёи Марказӣ, Кавказ ва Аврупо ҷамъ овард. Юлия Валентини кейси бонкро оид ба нархгузории трансфертӣ — ҳисоби арзиши дохилии фондокунӣ бо назардошти хусусиятҳои бозорҳои рушдёбанда, ки маҳз ба шарофати базаи ягонаи маълумот имконпазир шуд, пешниҳод кард. Мавзӯъ дар байни тамоми баромадҳои форум шумораи бештари саволҳоро аз толор ба миён овард.

«Барои мо чандир идора кардани захираҳо дар шароити бозори динамикӣ хеле муҳим аст. Мо системаеро ҷорӣ мекунем, ки имкон медиҳад арзиши воқеии дохилии маблағҳои ҷалбшаванда бо назардошти ҳамаи омилҳои иқтисодии маҳаллӣ дақиқ ҳисоб карда шавад. Абзорҳои дохилии тасҳеҳи худкори нархи ликвиднокӣ монанди «сенсори ақлӣ» кор мекунанд: онҳо арзиши ҷараёнҳои молиявии дохилиро ба ҳолати ҷории бонк мутобиқ месозанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки устувории баланди молиявиро ҳифз намоем, ба дилхоҳ тағйирот дар иқтисодиёт фаврӣ вокуниш нишон диҳем ва ҳамеша ба мизоҷон нархномаҳои одилона ва актуалиро аз рӯи кредитҳо ва пасандозҳо пешниҳод кунем».

— Юлия Валентини, роҳбари департаменти молия ва аъзои Раёсати Эсхата Бонк

Маҳз маълумоти консолидатсияшуда аз ХКМ ба бонк ин имконияти навро медиҳад — барои ҳар як аҳд маҷмӯи параметрҳоеро муайян кунад, ки барои ҳисоб кардани арзиши одилонаи фондокунии дохилӣ зарур аст. Бе сарчашмаи ягонаи ахбор ҷамъоварии ҳаҷми зарурии маълумот ғайриимкон буд.

ИН БАРОИ МИЗОҶОН ЧӢ МАЪНО ДАРАД

«Барои бонк дар минтақаи динамикӣ, ба монанди Осиёи Марказӣ, суръати қабули қарорҳо — афзалияти рақобатпазирӣ мебошад. Вақте ки мо манзараи консолидатсияшударо аз рӯи ҳамаи каналҳо дорем, эҳтиёҷоти воқеии мизоҷонро мебинем ва метавонем маҳсулотеро пешниҳод кунем, ки воқеан ба онҳо лозим аст», — қайд кард Юлия Валентини.

БАЪД ЧӢ 
Қадами навбатӣ — ташаккули фарҳанги Data Governance: стандартҳои ягонаи сифат, дастрасӣ ва масъулият барои маълумот дар ҳамаи воҳидҳои бонк.

* Санаи навсозии саҳифа 21.07.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»