Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Аксия

Аз ҳарф то гаҷетҳо: Эсхата Бонк ғолибони аксияи “Калима соз 2025” – ро эълон кард

30 декабря 2025
Эсхата Бонк оиди анҷоми иқдоми калонтарин - "Калима соз 2025", ки ҳазорҳо иштирокчиёнро дар саросари кишвар муттаҳид намуд, эълон кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи иқдоми "Калима соз 2025” - ҳавасмандгардонии истифодаи фаъолонаи маҳсулоти муосири бонкӣ ва хидматҳои рақамии Эсхата Бонк буд. Дар доираи иқдом иштирокчиён амалиёти ҳаррӯзаи бонкиро анҷом медоданду барои онҳо ҳарф мегирифтанд. Комбинатсияи лозимаро ҷамъ оварда, мизоҷон имконияти  дар бурди ниҳоии тӯҳфаҳои қимматнок иштирок намуданро доштанд.

Иқдом завқи мизоҷонро баланд карда, шумораи зиёди мизоҷони навро ҷалб кард. Тӯли моҳи декабр иштирокчиён аз барномаи "Эсхата Онлайн" фаъолона истифода мебурданд, пардохтҳои ғайринақдиро бо корти "Visa", интиқоли пулиро тавассути "Visa Direct" ва инчунин дигар амалиёти бонкиро, ки дар шартҳои иқдом пешбинӣ шудаанд, анҷом медоданд. Иқдом на танҳо формати ҷолиби ҳамкорӣ бо мизоҷон гардид, балки ба маъмулгардонии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва қарорҳои рақамии бонкӣ мусоидат намуд.

Бозии ниҳоии ҷоизаҳо 26 декабри соли 2025 тибқи шартҳои иқдом баргузор гардид ва бо шаффофияти ҳадди аксар сурат гирифт.

Дар натиҷаи иқдом соҳибони “iPhone 17 Pro” инҳо гардиданд:

1.    Мавлонов У.У.
2.    Шербоев Ш.Ф.
3.    Хошимов А.Ш.
4.    Собиров Б.Н.
5.    Бобоев П.С.
6.    Хамдамов Б.Б.
7.    Атачонов Ф.А.
8.    Шерматов Ш.И.
9.    Атохочаева М.А.
10.    Зиёева Н.А.

Фаъолони дар зер омадаи иқдом соҳиби  "Apple Watch 11" гардиданд:

1.    Расулов М.Р.
2.    Базаров М.Т.
3.    Хасанов Д.Н.
4.    Гафуров И.И.
5.    Сафариён А.Б.
6.    Исмоилзода М.М.
7.    Абдухамедов Х.А.
8.    Азизходжаев Б.М.
9.    Мирзохочаев М.А.
10.    Юсупов М.М

Роҳбарияти Эсхата Бонк қайд намуд, ки иқдоми "Калима соз 2025" воситаи муассири эҷоди эътимоди мизоҷон гардид ва бори дигар таваҷҷӯҳи зиёд ба маҳсулот ва хидматҳои рақамии Бонкро тасдиқ намуд.

Эсхата Бонк ба ҳамаи иштирокчиён барои фаъол будан  ва эътимод сипосмандь изщор намуда таъкид мекунад, ки минбаъд низ ташаббусҳоеро амалӣ хоҳад кард, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди хидматҳои рақамӣ ва эҷоди пешниҳодҳои муфид барои мизоыон нигаронида шудаанд.

Эсхата – бонк барои наздикон

* Санаи навсозии саҳифа 30.12.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»