Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила

Аз қаллобон эҳтиёт кунед!

26 февраля 2025

Эсхата Бонк аз ҳолатҳои қаллобӣ огоҳ менамояд,  ки қаллобон бо истифода аз ном ва логотипи бонк маълумоти бардурӯғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо паҳн мекунанд.

Мақсади ин гуна амалҳо - гирифтани маълумоти шахсӣ аз мизоҷон ва ё маҷбур намудани онҳо барои ба амал баровардани интиқоли пулӣ ба суратҳисоби қаллобон аст.

Қаллобон инчунин метавонанд, бо ваъдаи мукофоти пулӣ гузаштан аз пурсиш ва ё пуркунии саволномаро пешниҳод кунанд. 

Тавсияҳо барои муҳофизат кардани худ аз қаллобон:

·      Манбаҳои иттилооотро бисанҷед.

Маълумот ва пешниҳодро аз воситаҳои расмиии Эсхата Бонк дастрас намоед:  

o Сомонаи расмӣ: eskhata.com

o Саҳифа дар Facebook: facebook.com/eskhata.tj

o Саҳифа дар Instagram: instagram.com/eskhata_bank

·      Маълумоти шахсиро пешниҳод накунед. Кормандони бонк ҳеҷ гоҳ ба воситаи телефон ё интернет парол, рамзҳои PIN ё CVV-ро талаб намекунанд.

·      Аз паёмҳои шубҳанок дар эҳтиёт бошед.

Ба истинодҳои шубҳаовар нагузаред ва файлҳоро аз манбаҳои тасдиқнашуа зеркашӣ накунед.

·       Маълумоти шахсии хешро ба шахсоне, ки бо шумо тариқи рақамҳои мобилии байналхалқӣ ва маҳаллӣ ва тариқи мессенҷерҳо тамос мегиранд, пешниҳод накунед.  

·       Дар ҳолатҳои зарурӣ бонк бо шумо тавассути кормандони маркази тамос бо рақами 808 ба алоқа мебарояд.

Агар шумо ба фаъолияти шубҳанок дучор шудед ва ё ба амалҳои қаллобон рӯ ба рӯ гардидед, фавран барои гирифтани маслиҳат ва дастгирӣ бо воситаи каналҳои расмии бонк бо мо тамос гиред.

Бохабар бошед ва маълумоти шахсии хешро муҳофизат намоед! 

* Санаи навсозии саҳифа 26.02.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»