Аз қаллобон дар эҳтиёт бошед!
14 марта 2025
Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, Facebook ва ғ.) эълонҳои қалбакӣ аз номи бонкҳои Тоҷикистон, аз он ҷумла Эсхата Бонк зиёд шудаанд. Қаллобони интернетӣ ба таври осон, бо пешниҳоди муфид ва бо фоизи кам ба даст овардани қарз мехоҳанд шаҳрвандонро фиреб диҳанд.
Қаллобон чӣ гуна амал мекунанд?
- Бо нашри эълони қалбакӣ ба шумо пешниҳод мекунанд, ки ба сомонаи сохта ё паёмрасон гузаред.
- Аз шумо талаб мекунанд, ки маълумоти шахсии худро ворид кунед.
- Ба шумо ҳуҷҷати қалбакӣ мефиристанд, ки гӯё қарзи шумо тасдиқ шудааст.
- Барои гирифтани "қарз", маблағи пешпардохт талаб мекунанд (300, 500 сомонӣ ё бештар).
- Баъд аз гирифтани маблағ ғайб мезананд!
Чӣ тавр худро муҳофизат бояд кард?
Дар хотир дошта бошед, ки Эсхата Бонк барои расмикунонии қарз пешпардохт талаб намекунад.
Хотиррасон мекунем, ки маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм пешниҳод нанамоед ва ба сомонаҳои шубҳанок ворид насозед.
Маълумоти шахсӣ ва пасандозҳои шахсии худро эҳтиет кунед!
Маълумот аз сомонаи расмии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе @dushanbe_police_tj гирифта шудааст.